Маъсуми Муҳаммадраҷаб
Тибқи иттилоъи Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистон, кормандони ин идора як мошини Камазро дар вилояти Суғд боздошт карда, аз махфигоҳи дохили он 150 килограмм афюн пайдо намуданд.
Давлатшо Ғафуров, корманди идораи вилоятии Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир ба Радиои Озодӣ гуфт, ронандаи Камаз ва ҳамроҳи вай бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шуданд.
Вай афзуд, мошини мазкур аз Душанбе вориди қаламрави Суғд шуда, мехостааст, таввасути Узбакистон ба Русия биравад. Дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз ва таҳқиқот оғоз шудааст.
Бино ба иттилоъи расмӣ, аз оғози соли равон то кунун дар шимоли Тоҷикистон сохторҳои интизомӣ ҳудуди 1 тонна маводи мухаддир кашфу мусодира кардаанд.