Мирзонабии Холиқзод
Ду созмони ғайридавлатии Тоҷикистон, Консорсиуми ҳуқуқшиносон ва маркази таҳлилии "Диалог" таҳти сарпарастии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба роҳандозии як тарҳи сиёсӣ таҳти унвони "Фарҳанги сиёсии ҷомеаи демократӣ" дар шаҳру навоҳии ин кишвар шуруъ намуданд.
Раҳбари ин барнома муовини раиси Консорсиуми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон, Шокирҷон Ҳакимов, 10 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тарҳ имкон медиҳад, ки дар зарфи як сол аҳзоби расмии Тоҷикистон дар минбарҳои радио ва телевизиони ҷумҳурӣ баҳсу суҳбатҳо анҷом диҳанд ва дар пойтахт ва вилоятҳо бо мардум роҷеъ ба масоили сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ру ба ру гуфтугу кунанд.
Бар асоси тарҳи мазкур дар навоҳию вилоятҳо намояндагони қароргоҳҳои марказии ҳизбҳо ҳамроҳ бо имзои бахшҳои ноҳиявии худ роҷеъ ба барномаҳои сиёсӣ бо мардум мулоқотҳо анҷом диҳанд. Имкон дорад, пас анҷоми тарҳи мазбур мувофиқи нақшаи ин барнома телевизиони ҷумҳурӣ як филми кутоҳметраж дар ҳаҷми 40 дақиқа аз ҳаёти аҳзоби сиёсии Тоҷикистон омода намуда, ба мардум намоиш диҳад.
Қарор аст, нахустин бахши ин барнома, ки аз як мизигирд иборат аст, дар пойтахти Тоҷикистон таҳти унвони "Ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони муосир, масоили эҳё, нақш ва ояндабинии рушд" баргузор шавад, ки дар он аҳзоби расмии кишвар намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ширкат хоҳанд ҷуст.