Мирзонабии Холиқзод
Вазорати энергетикаи Тоҷикистон бо ширкати "Газпром"-и Русия ҳамкориро дар роҳи истихроҷи конҳои гази Тоҷикистон расман шуруъ намуд. Муовини вазири энергетикаи Тоҷикистон, Ҳусейн Алиев, 5 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳануз ин ҳамкорӣ дар марҳилаи аснодгузорӣ дар асоси созишномаи дутарафае қарор дорад, ки байни ҳукумати Тоҷикистон ва "Газпром"-и Русия ба имзо расида буд.
Тоҷикистон дорои конҳои фаровони газ буда, аммо имкони техникии истихроҷи газро надорад. Ҳусейн Алиев, муовини вазири энергетикаи Тоҷикистон мегуяд, ҳадафи аслии ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати Русия баҳрабардорӣ аз конҳои гази ин кишвар мебошад.
Тибқи иттилоъи вазорати энергетикаи Тоҷикистон, конҳои асосии гази ин кишвар дар манотиқи ҷанубии он вуҷуд доранд. Пас аз анҷоми марҳилаи аснодгузорӣ имкон дорад, "Газпром" ва ниҳодҳои истихроҷи гази Тоҷикистон нахустин кори амалии худро дар ду кони газ дар атрофи Душанбе, кони Шоҳамбарӣ ва Сариқамиш шуруъ кунанд.