Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақби Анзобро ширкати "Собир" бунёд мекунад



Абдуқайюми Қайюмзод



Рузи панҷшанбе, 28 август ширкати иронии мавсум ба "Собир" аз миёни чаҳор ширкати ин кишвар барандаи тендери байналмилалӣ ҷиҳати бунёди нақби Анзоб дар Тоҷикистон шуд. Тибқи тавофуқе миёни Тоҷикистон ва Эрон масъулияти бунёди ин нақб бар души Эрон вогузор ва ин тендер танҳо барои ширкатҳои сохтмонии Эрон эълон гардида буд.

Муҳаммадюсуф Шодиев, масъули дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон, гуфт, дар ин тендер ширкатҳои сохтмонии эронӣ бо пешниҳоди барномаи мушаххаси корӣ, ки дар он маблағи умумии сохтмон, теъдоди техника, мошинолот ва муҳлати анҷоми нақби "Анзоб" зикр шуда буд, ширкат карданд. Ҷаноби Шодиев афзуд, Комиссияи босалоҳияти ҳукуматӣ тайи як ҳафтаи гузашта аснод ва барномаҳои пешниҳодии ширкатҳои эрониро дақиқан баррасӣ намуда, билохира барандаи тендерро эълон кард.

Муҳаммадюсуф Шодиев ҳамчунин гуфт: "Чор ширкати эронӣ дар озмун иштирок карданд. Онҳо муҳлатҳои гуногуни анҷоми сохтмон ва ҳаҷми масрафотро нишон доданд, ки аз 35 то 5 миллион долларро ташкил медод."

Эрон қаблан 5 миллион доллар қарзи бебозгашт ва 21 миллион доллари дигар қарзи дарозмуддат барои сохтмони нақби Анзоб ихтисос додааст, ки дар маҷмуъ 26 миллион долларро ташкил медиҳад.

Маблағи пешниҳодкардаи ширкати Собир, барандаи тендери мазкур барои анҷоми нақби Анзоб 39 миллион доллар буда ва тасмим дорад, ки дар дуввуним сол сохтмони нақби Анзобро комилан ба итмом бирасонад.

Сухангуи вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, бар асоси шароити таъйидшуда акнун таъмини раҳбарӣ, техника ва мутахассисонро ин ширкат бар душ дорад ва боқимондаи неруи корӣ бошад, аз ҳисоби коргарони тоҷик ҷалб мешавад.

XS
SM
MD
LG