Мирзонабии Холиқзод
Додситонии Кулли Тоҷикистон бо пахши як иттилоъия, 28 август эълон кард, ки ба беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба маблағи то ҳазор доллар аз тарафи ширкати муҳрафурушии "Ҷамол-компания" бозпардохта шуд.
Муовини аввали додситони кулли кишвар Азизмад Имомов, ки парвандаи ҷиноии масъулини ширкати "Ҷамол-компания"-ро назорат мебарад, гуфт, теъдоди афроде, ки ба маблағи худ соҳиб шудаанд, ба 2 ҳазор мерасад: "Тибқи руйхат 1 ҳазору 124 кас пули худро пас гирифтанд, ки 2 миллиону 122 ҳазору 42 сомониро ташкил медиҳад. Боз панҷсад нафари дигар мегиранд."
Оқои Имомов афзуд, вале ин маънои онро надорад, ки марҳилаи аввал поён ёфтаас. Ҳоло афроде, ки дар вилояту шаҳру ноҳияҳо аз шуъбаҳои "Ҷамол-компания" дар ҳаҷми то 1000 доллар муҳра гирифтаанд, ҳазорҳо нафаранд. Ва маълум нест, ки кай бозпардохти маблағи онҳо шуруъ мегардад.
Ва аммо тибқи итиллоъи манобеи ғайримустақим бисёре аз мардум бо раҳнамоии кормандони додситонӣ ва милитсия бо роҳҳои пинҳонӣ ба маблағҳои худ соҳиб гаштаанд ва ин раванд идома дорад. Аммо дар назди бинои додситонии кулл садҳо нафар ба умедвор ҳастанд, ки маблағи онҳо баргардонда мешавад.
Дар ҳоли ҳозир додситонии кулл сарварони "Ҷамол-компания" Ҷамшед Сиёев ва Цойро, ки дар боздошти мақомоти интизомии кишвар қарор доранд, ба чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мутаҳҳам намудааст.
Аммо то кунун рушан нест, ки маблағҳои онҳое, ки аз ҳазор то даҳ ҳазор доллари амрикоӣ муҳра гирифтаанд, кай аз тарафи ширкати мазкур баргардонида мешавад.
Бар пояи маълумоти додситонии кишвар афроде, ки бо маблағҳои аз 20 то 200 ҳазор доллар ва ҳатто аз ин беш бо ин ширкат муомила кардаанд, имкони бозпардохти маблағҳои онҳо вуҷуд надорад, зеро маблағи мусодирашуда аз ширкат ба ин имкон намедиҳад. Манобеи ғайримустақим мегуянд, ки дар феҳристи афроди бо маблағҳои бузург муомила дошта, намояндагони аршади баъзе аз вазоратхонаҳо ва кумитаҳои давлатӣ шомиланд.