Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар меҳмонхонаҳо банкоматҳои нав мегузоранд



Мирзонабии Холиқзод



"Тоҷиксодиротбанк" пас аз имзои як созишнома бо намояндагии системаи банкии байналмилаллии Виза Интернешнл дар Маскав, узви расмии ҳамин системаи замонавии байналмиллалии банкӣ шуд.

Намояндаи "Тоҷиксодиротбанк" Олег Горожанов рузи чоршанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, банки онҳо дар ҳоли ҳозир бо намояндагии маскавии Виза Интернешнл барои интишори карточкаҳои пластикии Виза барои муштариҳо дар Тоҷикистон гуфтушунид дорад. Виза Интернешнл имкон медиҳад, ки муштарӣ бо боз намудани суратҳисоби шахсӣ маблағи худро ба ҳисоби арзи хориҷӣ, масалан доллар дар бонк гузорад ва дар ҳолати зарурат миқдори пули худро бо истифода аз карточкаҳои пластикии виза бигирад.

Системаи нав имкон медиҳад, ки муштарӣ пули худро аз банкоматҳо ё сандуқҳои пулии сарироҳии "Тоҷиксодиротбанк", ки дар чанд нуқтаҳои шаҳр гузошта мешаванд, ба воситаи карточкаҳои пластикӣ бигирад. Виза Интернешнл - системаи замонавии пешрафтаи амонатгузорӣ мебошад, ки дар аксари нуқтаҳои ҷаҳон шуъбаҳои худро дорад.

Бино ба иттилоъи "Тоҷиксодиротбанк", интизор меравад, дар ояндаи наздик аз Ҳолланд чаҳор банкомат ё сандуқи пулии сарироҳӣ ба Тоҷикистон расад, ки яке дар назди бинои "Тоҷиксодиротбанк" ва сеи дигар дар се меҳмонхонаи пойтахт, Авасто, Тоҷикистон ва дар меҳмонхонаи Душанбе гузошта мешавад.

XS
SM
MD
LG