Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов бозгардонидани қарзҳоро талаб кард



Мирзонабии Холиқзод



Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонов, 19 август намояндагони корхонаҳои давлатӣ ва хусусиеро, ки аз бонкҳо қарзҳои бузург гирифта, дар муҳлати муаяйаншуда барнагардонидаанд, назди худ хонда, қотеъона талаб намуд, ки дар зарфи як соли оянда қарзҳоро баргардонанд.

Дар ин нишаст раисони бонкҳои кишвар ва масъулини вазоратхонаҳои иқтисодӣ ва корхонаҳои калонтарини Тоҷикистон ҳузур доштанд. Президент Раҳмонов таъкид намуд, ки таъхир дар баргардонии қарзҳо аз ҷониби корхонаҳо дар кори бонкҳо ва гардиши пули миллӣ дар дохили кишвар печидагиҳо эҷод кардааст.

Хусусан сухан дар бораи миллионҳо сомонӣ меравад, ки аз тарафи корхонаҳои давлатию хусусӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони алоҳида аз ҷамъияти саҳҳомии "Агроинвестбонк" қарз гирифта шуда, вале то кунун баргардонида нашудаанд.

Дар ин нишаст таъкид гардид, ки гузашта аз ин қарзи ташкилотҳо ру ба афзоиш буда, масъулият дар мавриди пардохти қарзҳо ба назар намерасад. Гуфта мешавад, қарзи корхонаҳо аз бонкҳои кишвар ба 20 миллион доллар мерасад.

Бо амри президент Раҳмонов, барои ташхиси ҳаҷми қарзҳои корхонаҳо як комиссия иборат аз намояндагони вазорати молия, Бонки Миллӣ, "Агроинвестбонк" ва Додситони Кулл созмон дода шуд. Дастур дода шуд, ки феҳрасти корхонаҳои қарздор бо ҳаҷми қарз дар саҳифаи матбуоти давлатӣ ба нашр расад. Агар дар зарфи як соли оянда корхонаҳо қарзҳояшонро напардозанд, алайҳи масъулини онҳо парвандаи ҷиноӣ боз ва молашон мусодира карда мешавад.

XS
SM
MD
LG