Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба созмонҳои Тоҷикистон грант дод



Абдуқайюми Қайюмзод



Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба манзури дастгирии равандҳои рушди демократӣ дар ин кишвар 56 ҳазор доллар кумакҳои билоивазро дар ихтиёри 12 созмони ғайридавлатӣ қарор дод. Алмос Сайфиддинов, сухангуи сафорати Амрико дар Тоҷикистон, гуфт, маблағи мазкур тибқи барномаи махсуси Комиссияи рушди демократияи сафорати Амрико бо ҳадафи дастгирии созмонҳо ва бархе аз расонаҳои хабарии ғайриҳукуматӣ дода шудааст.

Ҷаноби Сайфиддинов афзуд, ҳадафи барномаи Комиссияи рушди демократияи сафорат расонидани кумакҳои хурд барои барномаҳои вижаи созмонҳо, расонаҳо ва муассисаҳои ғайриҳукуматист, ки дар роҳи пешрафту устувории низоми мардумсолорӣ дар ин кишвар мусоидат кунанд.

Созмонҳои ғайриҳукуматии "Чашмаи Ҳаёт", "Беназир", Ҷавонон ва тамаддун" дар вилояти Суғд, "Бонувони фардо", "Малика" дар вилояти Хатлон, Конуни занони ҳуқуқшинос, Фарҳангистони байналмилалии шеър дар Душанбе ва ҳамчунин расонаҳои хабарии мустақил ба мисли ширкати телевизиони "Гули бодом"- и ноҳияи Конибодом, нашрияи "Суғд" ва маҷаллаи "Гуфтугу" ба гирифтани ин кумакҳо мушарраф шуданд.

Барномаи Комиссияи рушди демократии сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз соли 2000 то ҳоли ҳозир 49 созмони ғайриҳукуматӣ ва муассисоти хусусии Тоҷикистонро кумак кардааст.

XS
SM
MD
LG