Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати муҳрафурушии "Ҷамол" баста шуд



Раҳматкарими Давлат



Додситонии кулли Тоҷикистон фаъолияти ширкати "Ҷамол энд компания"-ро, ки ба харидуфуруш ва ё бизнеси муҳра машғул буд, манъ карда ва масъулини ин ширкатро боздошт кардааст.

Азизмат Имомов, иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли Тоҷикистон гуфт, Ҷамшед Сиёев, раиси ширкати "Ҷамол энд компания" ва сармуҳосиби ин корхона Вячеслав Тсой дар тиҷорати ғайриқонунӣ, фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ ва азхудкунии маблағи шаҳрвандон муттаҳам дониста шудааст.

Мардум аз ин ширкат як қуттӣ муҳраро бо 34 сомонӣ харидорӣ мекарданд ва бо гузашти як муддати таъиншуда баъди ҳамел кардани он ин муҳраро бар ивази 50 сомонӣ ба "Ҷамол энд компания" пас мегардониданд.

Бо шунидани хабари боздошти масъулини ширкат ва манъи фаъолияти он ин афрод ба майдонҳо ва хиёбонҳои атрофи дафтари ин ширкат ҷамъ омадаанд. Бархе дигар аз ин ашхос дар назди идораи Додситонии кулл ҷамъ омада ва тақозо доштанд, ки Ҷамшед Сиёев аз боздошт озод шавад ва ё кафолати бозгардонидани маблағҳои онҳо дода шавад.

Мақомоти додситонии кул ба шаҳрвандони гирдиҳамомада ваъда кардаанд, ки маблағҳои онҳо аз ҷониби ин ширкат, албатта бидуни он фоидаи чиҳил дарсада, бар гардонида хоҳад шуд.

Тафсилоти ин хабар дар гушаи "Гузоришҳо".

XS
SM
MD
LG