Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду шаҳрванди тоҷик дар Сургут кушта шуд



Маъсум Имомов



Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Сургути Русия кушта шуд. Ба гуфтаи Дилмурод Юнусов, сокини деҳаи Равоти ноҳияи Панҷакент, аҷсоди Исроил Муҳаммадиев ва Раҳим Юнусов, ду сокини 22- ва 23-солаи деҳоти Туркироҷ ва Шингили Панҷакентро ахиран пайванди онҳо барои гуручуб ба зодгоҳашон овардаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳар ду онҳо ҳангоми фуру рафтани сохтмони як бино зери девори он мондаанд ва дар ҳоли ҳозир вазъи сиҳҳати боз ду ҳамкори онҳо, ки низ аз ноҳияи Панюҷакент будаанд, вахим буда, онҳо феълан дар бемористони шаҳри Панҷакент табобат мешаванд.

Аммо як сокини дигари ин минтақа мегуяд, ду муҳоҷири тоҷик дар Сургут дар натиҷаи ҳамлаи миллатгароён кушта ва ду ҳамроҳи онҳо дар ҳаминҳ амла маҷруҳ шудааст.

Додситонии нақлиёти Тоҷикистон шумораи шаҳрвандони тоҷики кушташуда дар қаламрави Русияро дар зарфи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 42 нафар мегуяд. Сабаби ҳалокати бештари онҳо ҳамлаи гуруҳҳои скинҳед ва садамаҳои сохтмонӣ гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG