Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз Тоҷикистон норозӣ аст



Тоҳири Сафар



Раҳбарияти Душанбе ҳамчун пешшарти таъсиси бунёди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон мехоҳад, ҳукумати Маскав қарзи давлатии 300 миллиондолларии Тоҷикистон аз Русияро бубахшад.

Хабаргузории "Итар Тасс" аз қавли як манбаъ дар вазорати дифоъи Русия навиштааст, раҳбарияти Тоҷикистон ҳамчунин мехоҳад, ки ҳангоми вазъияти фавқуллода фармондеҳии Дивизияи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро раҳбари ин кишвар ба уҳда гирад ва барои ҳимояти манофеъи миллии кишвар истифода намояд. Ин тарзи масъалагузорӣ барои ҷониби Русия қобили қабул нест, гуфтааст "Итар Тасс".

Ба навиштаи хабаргузорӣ Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод дорад, ки дар сурати хуруҷи неруҳои Русия аз Тоҷикистон тамоми техникаи ҳарбии он дар ихтиёри кишвар бимонад.

Намояндаи вазорати дифоъи Русия гуфтааст, чунин мавқеъ барои Маскав ғайри қобили қабул аст. Ҳамсуҳбати воломақоми "Итар Тасс" гуфтааст, музокиротро бо ҳукумати Тоҷикистон идома медиҳанд, вале ба қавли у Душанбе бояд бидонад, ки ин музокирот роҳи бо як хатти ҳаракат нест.

Қабл аз нашри ин хабар муовини фармондеҳи Неруҳои хушкигарди Русия генерали рус Николай Кормилтсев гуфта буд, Тоҷикистон масъалаи таъсиси пойгоҳ ва фаъолияти Комплекси назорати кайҳонии Норакро бо бахшидани қарзи Тоҷикистон ба Русия марбут мекунад. Русия ба ин мавқеъ розӣ нест ва пешниҳод мекунад, ки барои ҳалли баҳс комиссияи муштарак ташкил шавад.

Фармондеҳи ситоди вазорати дифоъи Тоҷикистон Ромил Нодиров дар вокуниш ба ин изҳорот гуфтааст, масъалаи бахшидани қарзи Тоҷикистон бояд дар сатҳи ҳукумат ҳал шавад.

XS
SM
MD
LG