Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хориҷиён дар фурудгоҳ раводид мегиранд



Соҷидаи Мирзо



Шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба консулгарӣ ва сафоратҳои Тоҷикистон дар хориҷ дастрасӣ надоранд, метавонанд визаи вурудро дар фурудгоҳи Душанбе ба даст биёранд. Меҳмонони хориҷӣ санадҳои марбут ба иқомати худро дар толори махсуси фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон дуруст мекунанд, ки бо таҷҳизоти замонавии назорати паспортӣ ва гумрукӣ маҷаҳаз шудааст.

Игор Сатторов - сухангуи вазорати хориҷии Тоҷикистон, тарзи визагирӣ дар фурудгоҳи Душанберо чунин шарҳ дод: "Ҳар шаҳрванди хориҷӣ, ки хоҳиши ба Тоҷикистон омадан дорад ва таввасути кишварҳои бидуни намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ба Душанбе сафар мекунад, бояд бо ирсоли номае, ба унвони идораи консулгарии вазорати умури хориҷа, ҳадафи сафари худро эълон намояд. Қабл аз вуруди ин гуна афрод ба Душанбе, мо ба шуъбаи консулгарии фурудгоҳи пойтахт нома мефиристем ва мутобиқи он ба ҳамон шаҳрванди хориҷӣ раводиди серуза дода мешавад. Баъди вуруд ба Душанбе онҳо метавонанд, визаи нав бигиранд, хоҳ яксола, хоҳ визаи рафту баргашт."

Сатторов афзуд, ин иқдоми вазорат бо назардошти набуди намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар бисёр кишварҳои хориҷӣ, як тадбире барои осон гардонидани сафари хориҷиён ба Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG