Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи Тоҷикистон силоҳу ҳероин ёфт шуд



Раҳматкарими Давлат



Марзбонони Русия ва кормандони Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистон зимни баргузории як амалиёти муштарак 70 килограм ҳероин ва як пинҳонгоҳи силоҳу муҳимотро кашф ва забт кардаанд.

Александр Кондратев сухангуи Нируҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон гуфт: "Нируҳои марзбонӣ ва Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон шаби 3-уми август ду ҳодисаи марзшиканиро мушоҳида ва аз он ҷилавгирӣ карданд. Дар натиҷа марзшиканон бозпас ба хоки кишвари ҳамсоя фирор намуданд, вале марзбонон аз ҷои ҳодиса дар соҳили дарё ҳудуди 75 килограм ҳероин, як автомати Калашников ва муҳимоти онро аз пинҳонгоҳ пайдо карданд."

Ба гуфтаи оқои Кандратев, дар ҳузури намояндагони Нируҳои марзбонӣ ва Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон ҳероини кашфшуда нобуд сохта шудааст. Аз ибтидои соли равон то кунун, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби марзбонон бештар аз 3000 килограм маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG