Тоҳири Сафар
Вазири умури дохилаи Русия Борис Гризлов рузи 30 июл гуфт, дар атрофи шаҳри Маскав беш аз 200 кило ҳероин боздошт кардаанд. Борис Гризлов гуфт, ин миқдори бузурги маводи мухаддир дар дохили як мошин ҷогузорӣ шуда буд ва ҳангоми амалиёти муштараки Хадамоти Федералии Амният ва вазорати дохилаи Русия ба даст афтод. Ба навиштаи хабаргузории Интерфакс, оқои Гризлов маводи мухаддири мусодирашуда дар шаҳри Орехово-Зуевои вилояти Маскавро дар фаъолияти мақомоти умури дохилаи Русия бесобиқа гуфтааст.
Дар ҳоле ки иддае аз хабаргузориҳо мегуянд, дар робита ба қочоқи маводи мухаддир шаҳрвандони Қирғизистон дастгир шуданд, телевизиони давлатии Русия гузориш дод, ки маъмурони интизомӣ дар ҷараёни пажуҳиши ин қазия се шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд.
Аммо хабаргузории РИА "Новости" аз қавли мақомоти милисаи вилояти Маскав менависад, ронандаи мошини КАМАЗ, ки ҳомили беш аз 220 кило ҳероин буд, шаҳрванди Қирғизистон, вале ду ҳамроҳи у дар ин мошин шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.