Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

400 минаро дар Лоҳур нобуд карданд



Раҳматкарими Давлат



Ҳудуди чаҳорсад минаи зидди нафар дар машқгоҳи низомии Лоҳур дар ҷанубу ғарби шаҳри Душанбе дар ҳузури намояндагони созмонҳои хориҷӣ ва хабарнигорон нобуд сохта шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, ин иқдом дар ростои иҷрои уҳдадориҳои ин кишвар ҷиҳати иҷрои шароити конвенсияи манъи тавлид, густариш ва нигаҳдории минаҳои зидди нафар амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон ба он имзо гузоштааст.

Заробиддин Сироҷов сухангуи вазорати дифоъи Тоҷикистон дар ин бора мегуяд: "Минаҳо ва дигар моддаҳои тарканда аз захираҳои вазорати мудофиаи Тоҷикистон несту нобуд карда шуданд. Мувофиқи маълумоти мутахассисон, дар ихтиёри вазорати дифоъи Тоҷикистон ҳамагӣ 3 000 адад мина вадигар моддаҳои тарканда мавҷуд ҳаст, ки бояд то соли 2004 тадриҷан нест карда шаванд. Тоҷикистон ба ҳамин тартиб уҳдадориоҳи байнулмилалиаш дар назди ҷмоиаи ҷаҳониро иҷро карда истодааст."

Ин иқдом бо мусоидати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо(САҲА) ба унвони ҳамоҳангсози кумакҳо барои нест кардани минаҳои захирашуда дар зарродхонаҳои Тоҷикистон амалӣ мешавад. Таҳти васояти САҲА ҳукуматҳои Швейтсария ва Канада барои ҳалли мушкилоти майнрубӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 600 000 ҳазор евро ихтисос додаанд.

САҲА ҳамчунин барои барчидани минаҳо аз марзи Тоҷикистон ва Узбакистон низ бо мақомоти ду кишвар музокироте анҷом медиҳад. Вале аз замони ҷанги шаҳрвандӣ, ба назари мутахассисон, даҳҳо ҳазор мина аз размгоҳҳо барчида нашудааст. Аммо ин барномаи САҲА, ба гуфтаи сухангуи вазорати дифоъи Тоҷикистон, поксозии майдонҳои минаро дар минтақаҳои Тоҷикистон дар бар намегирад, балки ҳадаф аз он нест кардани минаҳои захирашуда дар амборҳои вазоратхонаҳои қудратии Тоҷикистон аст, то худое нахоста мавриди истифода қарор нагиранд.

XS
SM
MD
LG