Абдуқайюми Қаюймзод
Мақомоти интизомии Тоҷикистон узви раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ва собиқ узви Комиссияи Оштии Миллӣ Мавлавӣ Қосим Раҳимовро боздошт карданд.
Ҳабибулло Воҳидов, додситони шаҳри Душанбе, дар суҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ хабари боздошти Раҳимовро таъйид кард ва гуфт, ки Қосим Раҳимов ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ боздошт шудааст. Вале додситон аз шарҳи бештари ҷузъийоти ин боздошт ба далели халал ворид насохтан дар ҷарайони тафтишот худдорӣ кард.
Аммо масъулони Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон иттиҳоми додситонии шаҳри Душанберо нисбати Мавлавӣ Қосим Раҳимов нодуруст хонданд.
Воҳидхон Қосиддинов, муовини дабири кулли ҲНИТ гуфт, шояд як нафари оддӣ ба чунин иттиҳом боздошт мегардид, замина барои шубҳа пайдо намешуд, аммо вақте як олими ислом, ки ба ҳафтод қадам мондааст, бо ҷурми таҷовуз ба номус боздошт мешавад, бовар накарданист.
Ба эътиқоди оқои Қосиддинов ба далели наздик омадани интихоботи парлумонӣ аз ҷониби бархе аз гуруҳҳо ва афроди алоҳида дар мақомоти кишвар як маъракае алайҳи ҲНИТ шуруъ шудааст.
Мавлавӣ Қосим Раҳимов узви раёсати олии ҲНИТ, дуввумин афроди баландмақоми ҳизби мазкур пас аз Шамсиддин Шамсиддинов муовини раиси ҲНИТ аст, ки дар давоми ду моҳи ахир таввасути ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон боздошт шудааст.