Мирзоҷалоли Шоҳҷамол
Дар 400 километрии роҳи Душанбе-Хоруғ дар наздикии деҳаи Деҳи ноҳияи Рушон як автомашинаи Камаз дар натиҷаи садама дар дарёи Панҷ ғарқ шудааст. Дар натиҷаи ин садама 7 нафар бо шумули ронанда ҷони худро аз даст додаанд.
Камаз ҳомили 15 тонна бор ва тоҷирон аз Душанбе ба суи Хоруғ дар ҳаракат будааст. Шахсияти ду тан аз тоҷирон муайян нашудааст ва маъмурони имдодӣ ҷустуҷуи афроди ғарқшударо идома медиҳанд.
Ба иттилоъи Идораи вилоятии бозрасии автомобилии Тоҷикистон танҳо соли равон дар роҳҳои Бадахшон 18 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа 18 нафар низ ҷон додаанд.