Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва МАГАТЭ созишнома имзо карданд



Тоҳири Сафар



Ҳукумати Тоҷикистон ва Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ (МАГАТЭ) санади кафолати иҷрои Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаиро дар шаҳри Душанбе имзо карданд. Дар ин бора рузи 7 июн вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ дод.

Тибқи ин созишнома Тоҷикистон, ҳамчун аъзои Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ кафолат медиҳад, ки тамоми таъсисоти атомӣ ва маводи ҳастаии дар ихтиёрдоштаашро барои сохтани силоҳи атомӣ истифода намекунад.

Дар сурати риоя шудани муқарароти созишнома аз ҷониби Тоҷикистон Оҷонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ ба рушди иқтисодиву технологии ин кишвар монеъ нахоҳад шуд. Ҳамчунин дар роҳи ҳамкории байналмилалии ҳастаии осоиштаи Тоҷикистон саддгузорӣ нахоҳад кард.

Тоҷикистон дорои захоири уран ва заводи истихроҷи он мебошад, вале ин корхона аз замони суқути Иттиҳоди Шуравии собиқ фаъолият намекунад.

XS
SM
MD
LG