Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқи занон дар Осиёи Марказӣ



Нурмуҳаммади Холзода

Қочоқгарон ба номи духтарон шиносномаҳои қалбакӣ дуруст мекунанд ва зери ниқоби сайёҳ онҳоро ба хориҷа интиқол медиҳанд.

Рузи душанбе намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Бишкек бо иттико ба як назархоҳии ахир эълон кард, ки дар чаҳор соли ахир 4 ҳазор зан аз ин кишвар ба хориҷ бурда шудаанд.

Дариға Усмоналиева - ҳамоҳангкунандаи барномаҳои ин намояндагӣ дар Бишкек гуфт, ки аксаран занони ҷавон барои истифодаи ҷинсӣ мавриди қочоқ қарор мегиранд: "Таҳқиқоти мо нишон дод, ки ҳудуди 4 ҳазор зан мавриди қочоқ ва тиҷорати ғуломона қарор гирифтаанд. Вале ман боварӣ дорам, ки ин рақамҳо дуруст нест, зеро чунин ҷиноёт хеле махфӣ анҷом мегирад."

Омори расмии қочоқи инсон дар Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад. Намояндагиҳои Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ин шумораро чанд ҳазор ҳадс мезананд ва мегуянд, ки дар миёни онҳо духтарони то 16 сола низ ҳастанд. То ба ин авохир ҳам мақомоти расмӣ ва ҳам мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ талош мекарданд, ин падидаро нодида бигиранд.

Дар ин кишварҳо, ки ислом нуфузи қобили мулоҳиза дорад, суҳбат дар бораи қочоқи занон мавзуъи мамнуъ аст. Дар бораи рабуда шудани занон ба полис хабар намедиҳанд, то дар ҷомеа хонаводаи худро ба истилоҳ доғдор накунанд. Аммо давлатҳои ин кишварҳо то ҳол мегуянд, қочоқи занон то ба он андоза ки созмонҳои ғайридавлатӣ арзёбӣ мекунанд, ҷиддӣ нест.

Бо вуҷуди ин, солҳои ахир мақомот то андозае ба ин масъала бархурди ҷиддӣ нишон медиҳанд. Кормандони полис ва гумрук мегуянд, ки онҳо шумораи зиёди занонро, ки мавриди қочоқ қарор гирифтаанд, боздошт кардаанд.

Бисёре аз занони қочоқшуда ба Имороти Муттаҳидаи Араб, ба Исроилу Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ ва Олмону Русия фурухта мешаванд. Гулчеҳра Мирзоева - раиси созмони ғайридавлатии "Модар" дар шаҳри Душанбе мегуяд, дар миёни занони қочоқшуда занони дорои маълумоти олӣ низ зиёданд.

Онҳо баъд аз ру ба ру шудан ба душвориҳои иқтисодӣ маҷбур мешаванд, даст ба ин кор зананд. Ба гуфтаи Мирзоева, занони миёнарав ё ба истилоҳ тақдирҷунбон ба чунин занон корҳои пурдаромадро ваъда медиҳанд ва ҳатто мегуянд, ки шояд дар хориҷ бо шахсони сарватманд хонадор шаванд: "Инҳо занҳоро фиреб дода, мегуянд, ки дар он ҷо кор ҳаст. Масалан 4 духтаре, ки аз Аморати Муттаҳидаи Араб гашта омад, нақл мекунанд, ки ҳамсояи онҳо, ки бою бадавлат зиндагонӣ мекунад, як зани калонсол ва 8 сол боз соҳибкорӣ мекунад ба модару падари духтарҳо гуфтааст, ки дар Аморати Муттаҳидаи Араб хуроки миллии тоҷикиро бисёр дуст медоранд. Волидайн кушиш карданд, ки духтарҳояшонро ба он ҷо равон кунанд, рузи якум онҳо рафта дар ин кишвар фиреб хурданд, ки дар он ҷо чунин кор нест ва онҳо маҷбур шуданд ба танфурушӣ дароянд. Барои он ки қарзашонро баргардонанд ва ба хонаҳояшон бозгарданд."

Баъзе аз чунин занону духтарони бадбахтро полиси кишварҳои хориҷӣ боздошт мекунад ва ба ватанашон мефиристад. Баъзеҳои дигар баъд аз пардохти ҳаққи қочоқгарон бо душвориҳо ба ватани худ бозмегарданд. Дар аксари мавридҳо қочоқгарон паспортҳо ё шиносномаҳои занону духтаронро мегиранд. Занону духтарон забони хориҷӣ ё забони кишвари омадаи худро намедонанд ва наметавонанд душвориҳои пешомадаро ба пулис бигуянд, ё аз гуфтани душвориҳои худ ба полис метарсанд, ба ин сабаб беному нишон гум мешаванд.

Ҳоло баъзе созмонҳои ғайридавлатӣ аз роҳҳои дипломатӣ баъзе аз онҳоро пайдо ва ба ватанашон бармегардонанд. Вале вақте ки онҳо ба ватан баргаштанд, ба душвории дигар ру ба ру мешаванд. Ҷомеаи муҳофизакори Осиёи Марказӣ чунин занонро барои собиқаи фоҳишагиашон тақрибан намепазирад.

Нигина Мамадҷонова - корманди як созмони ғайридавлатӣ мегуяд, ки ҳоло онҳо як барномаи вижаро руи даст гирифтаанд ва чунин занону духтаронро барои дубора унс гирифтан бо ҷомеа бо корҳое машғул месозанд.

Нодира Каримова - раҳбари созмони ғайридавлатии "Истиқболи Авлод" мегуяд, созмони онҳо дар марҳалаи аввал чунин занонро зери ҳимояти худ мегирад. Вале вай меафзояд, барои чунин кор сармоя зарур аст. Ҳоло дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои муҷозоти қочоқгарони занон бо ҳадафҳои истифодаи ҷинсӣ қонуне вуҷуд надорад. Тоҷикистону Қазоқистон ба Қонуни Ҷиноии худ танҳо як моддаеро дар бораи қочоқи инсон ворид карданд. Ба ин сабаб дасти чунин қочоқгарон боз аст. Илова бар ин, қочоқгарон барои додани ришва ба полис ва кормандони гумруку марзбонон пулӣ кофӣ доранд. Қочоқгарон ба номи духтарону занон шиносномаҳо ва визаҳои қалбакӣ дуруст мекунанд ва зери ниқоби сайёҳ онҳоро ошкоро ба хориҷа интиқол медиҳанд.

Катерина Бодикова - корманди Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Қазоқистон мегуяд, аксар вақт духтарони то 16 сола, яъне ноболиғ қочоқ мешаванд. Барои ошкор нашудани синни ноболиғон қочоқгарон дар паспортҳои қалбакӣ синну соли духтаронро 25 то 30 сола нишон медиҳанд: "Дар аксари мавридҳо духтарон хеле ҷавонанд. Ман духтарони то 16 соларо низ дидам. Вале дар паспортҳои қалбакӣ қочоқчиён онҳоро аз 25 то 30 сола нишон додаанд. Аксар вақт онҳо гуё ба саёҳат мераванд. Дар марз мақомоти марбута ришва мегиранд ва духтаронро барои хуруҷ аз ҷумҳурӣ иҷоза медиҳанд". Коршиносон мегуянд, агар мақомоти давлатӣ ҷои кор фароҳам наоранд, қочоқи занон дар ин кишварҳо ҳамчунон давом хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG