Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ: "Ман шуморо табрик мекунам, вале як пораи дилам сиёҳ аст."



Сайидмуҳиддини Оймуҳаммад

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ шиква кард, ки дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон неруҳое пайдо шудаанд, ки ба суботи ҷомеа халал ворид мекунанд.

"Ман шуморо ба муносибати рузи ваҳдат табрик мекунам, вале як пораи дили ман сиёҳ аст", - гуфт Сайид Абдуллоҳи Нурӣ раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар маҳфиле, ки ин ҳизб дар бузургдошти шашумин солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ рузи чоршанбе, 25 июн созмон дод.

Ҷаноби Нурӣ шиква кард, ки дар сатҳи миёнаи маъмурони давлатӣ, бахусус дар ниҳодҳои интизомӣ неруҳое пайдо шудаанд, ки қадри сулҳро намедонанд ва ба суботи ҷомеа халал ворид мекунанд. Ба қавли вай, кормандони ин ниҳодҳо ба мақсади ситондани ришват бо вуҷуди имзои Созишномаи сулҳ ва Қонуни афв собиқ размандагони мухолифинро боздошт ва зиндонӣ мекунанд.

Раҳбари ҳизби исломии Тоҷикистон мегуяд, мо барои дифоъ аз сулҳу субот ҷонибдории худро аз баргузории референдум эълом доштем, вале дар остонаи раъйдиҳӣ муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Шамсиддин Шамсиддиновро неруҳои интизомӣ ба шевае, ки хилофи қонунҳои кишвар аст, боздошт намуданд.

Ба қавли ҷаноби Нурӣ, ин дасисае буд, то Ҳизби Наҳзати Ислом баргузории ҳамапурсиро таҳрим кунад. Боздошти муовини раиси ҳизб дар байни мардуми ноҳияи Мастчоҳ ва вилояти Суғд норозигиро аз ниҳодҳои интизомӣ ба вуҷуд овард ва онҳо ба роҳбарияти ҳизб муроҷиат карданд, мо тавонистем, мардумро ором кунем, гуфт у.

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ афзуд, аҳзоби дигар ба Ҳизби Наҳзати Ислом муроҷиат карданд, ки дар паҳлуи онҳо референдумро таҳрим кунад, вале боз ҳам ҳизб ба хотири ҳифзи субот ва сулҳ ба ин даъватҳо напайваст.

Раиси Ҳизби Наҳзати Ислом гуфт, мухолифин ҳам ҳақ доранд, бозрасии куштори ҷонибдорони худро ба дасти неруҳои мухолиф мутолиба кунанд. Аммо чунин даъвоҳо ҷомеаро ба руёруӣ мекашонад. Вале ҷаноби Нурӣ таъкид бар ин дошт, ки омилони қатли афроди саршиноси кишвар пайдо шавад.

Ҷаноби Нурӣ гуфт, вайро ба хотири пуштибонӣ аз баргузории референдум хойин хондаанд, вале барои дифоъи сулҳ вай чунин танқидҳоро таҳаммул кардааст. Аммо дар баргузории маҳфили таҷлили шашумин соли бузургдошти имзои Созишномаи сулҳ аз суи Ҳизби Наҳзат, ки яке аз ҷавониби ин санад буд, аз чеҳраҳои саршиноси тарафи дигари имзокунандаи васиқаи сулҳ касе ширкат надошт.

XS
SM
MD
LG