Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶМ мегуяд, давлати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон саъй мекунад



Саидқосими Қиёмпур

Аммо, мегуяд ин созмон, кушишҳои кишвар дар ин самт нокофист.

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират аз пешравиҳои Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон изҳори қаноатмандӣ кард. Баёнияи созмон дар ин маврид ба думболи гузориши солонаи Департаменти Давлатии Иёлоти Муттаҳида дар бораи фуруши инсон садо дод.

Дар ин санад Тоҷикистон аз сафи кишварҳое, ки дар самти мубориза бо ин ҷинояти башарӣ то ҳануз мушкили зиёд доранд, хориҷ гардид.

Игор Боск, раиси намояндагии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ҳукумати Тоҷикистон мавҷудияти ин мушкилро таъйид мекунад ва барои ҷилавгирӣ аз он гомҳои ҷиддӣ мениҳад.

У афзуд, Тоҷикистон Барномаи миллии мубориза бо қочоқи инсонро қабул намуд, ҳамзамон ҳамкориҳояш бо созмонҳои байналмилалӣ дар ин бахш муваффақона буданд. Ба гуфтаи Игор Боск, соли 2000 ҳудуди ду ҳазор занони тоҷикистонӣ аз суи гуруҳҳои ҷиноӣ иҷборан ба дигар кишварҳо бурда шуданд ва аммо соли гузашта ин рақам то 646 нафар поин рафт.

Чанд руз пеш аз ин сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе Франклин Ҳадл изҳор дошт, ки мақомоти Тоҷикистон уҳдадориҳои худ дар мавриди ҷилавгирӣ аз қочоқи инсонро иҷро мекунанд ва баъди тағйирот ба Кодекси Ҷиноӣ ва ворид намудани ҷазо барои муттаҳамони ин ҷиноят қочоқи инсон дар кишвар коҳиш ёфтааст.

11 июни соли равон Департаменти Давлатии Амрико 15 кишвар, аз ҷумла, Юнон, Туркия, Босния ва Ҳерсоговин, Куба, Куриёи Шимолӣ, Гурҷистон, Қазоқистон ва Узбакистонро дар он муттаҳам кард, ки аз қочоқи инсон ва ба танфурушӣ маҷбур намудани занон пешгирӣ накарданд. Талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт боиси он шуданд, ки ҷумҳурӣ аз рӯйхати чунин кишварҳо берун гардид.

Ва аммо дар бораи рафъ шудани ин мушкил дар Тоҷикистон ҳарф задан барвақт аст. Дар гузориши Департаменти Давлатӣ омадааст, ҳукумати Тоҷикистон меъёрҳои байналмилалӣ оиди аз байн бурдани фуруши одамро пурра иҷро намекунад ва аммо барои коҳиш додани теъдоди қочоқ кушишҳое ба харҷ медиҳад.

Ва ин дар ҳолест ки омадааст, дар гузориши Департаменти Давлатӣ, Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронда то ҳол яке аз қашшоқтарин ҷумҳуриҳои собиқи шуравӣ маҳсуб мешавад ва даромади миёнаи мардум соли 2002 ҳамагӣ 182 долларро ташкил медод.

Дар гузориши солонаи Департаменти Давлатӣ оиди қочоқи инсон гуфта мешавад, ҳамасола аз 800 то 900 ҳазор нафар ғайриқонунӣ аз марзҳо убур карда, барои танфурушии иҷборӣ ва дигар намудҳои ғуломӣ ба мамолики гуногун интиқол меёбанд.

XS
SM
MD
LG