Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагиҳои се ҳизби Тоҷикистон дар Кулоб аз аъзои худ хостанд, дар раъйпурсӣ ширкат кунанд



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Аммо намояндагони ду ҳизб гуфтаанд, мухолифи ислоҳи Сарқонун овоз медиҳанд.

Се ҳизби сиёсии дар минтақаи Кулоб фаъоли Комунист, Назҳати Ислом ва Халқӣ-Демократӣ тасмим гирифтаанд, ки дар райъпурсии карибулвуқуъ ширкат дошта бошанд. Аммо ба назар мерасад, ки на ҳама ҳизбҳо ба ҷонибдории воридшавии тағйиру иловаҳо ба Конститутсия овоз медиҳанд.

Суҳбатхон Зокиров - муншии Ҳизби Комунисти Тоҷикистон дар минтақаи Кулоб мегуяд, комунистон дар ин маъракаи сиёсӣ ҳатман ишитрок мекунанд, аммо аз тағйиру иловаҳо ба бандҳои 38 ва 41-и Сарқонун ҷонибдорӣ нахоҳанд кард: "Мо иштирок мекунем, ҳамчун ҳизби адолатпарвар. Мо тарафдори он нестем, ки тағйирот ислоҳе, ки ба моддаҳои 38-41 пешниҳод шудааст, ворид карда шаванд."

Ба иттилоъи ҷаноби Зокиров Ҳизби Комунист дар минтақа аз 10000 аъзо ва хайрхоҳони худ талаб кардааст, ки дар ин маъракаи сиёсӣ аз комунистони маҳаллӣ ҷонибдорӣ кунанд.

Ширкати Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон дар раъйпурсӣ ба иттилоъи Ҳоҷимуҳаммадшариф Набиев - сарвари созмони аввалияи ин ҳизб дар Кулоб талаби замон аст. Ҷаноби Набиев меафзояд, ҳарчанд мардум ба ин маъракаи муҳим чандон омода нест, барои поси сулҳи комили тоҷикон аъзои Ҳизби Наҳзат рузи референдум ба ҳавзаҳо ҳозир мешаванд: "Барои амният ва суботи кишвар ба хотири ҳамин мо дар раъйпурсӣ ширкат мекунем. Ҳарчанд фикр мекунам, ки мардум аҳамияти ҳамин референдумро дарк кардагӣ нестанд."

Дар ҳамин маврид Ҳамроҳ Бозоров - муовини раиси Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон мегуяд, дар ҳамаи 44 ҳавза онҳо бо мардум вохуриҳо доир карданд ва аҳолӣ аз тағйиру иловаҳо ба Сарқонун огоҳанд: "Мувофиқи ҳисобҳои интихбҳои пештар 66 ҳазор одам овоз дода буданд. Мувофиқи нишондодҳои мо аз ин зиёдтар овоз хоҳанду доду кам не."

Дар ҳамин ҳол, лидери комунистони маҳаллӣ Латиф Сафаров дар суҳбат ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки дар баробари норозӣ будани аъзои ҳизб аз воридшавии тагйиру илолваҳо ба бандҳои 38 ва 41 шахсан у зидди банди 65, яъне тамдиди мӯҳлати президентӣ будааст.

XS
SM
MD
LG