Саидмуҳиддини ОймуҳаммадЗери ин унвон дар шаҳри Душанбе як конфронси минтақавӣ баргузор шуд.
Конфронси минтақавии илмӣ таҳти унвони "Таҷрибаи бозсозии пас аз ҷангии Тоҷикистону Афғонистон ва дурнамои он" дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар конфронс намояндагони ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, коршиносни масоили минтақа ва дипломатҳои муқими Душанбе пиромуни роҳҳои идомаи раванди сулҳ дар Афғонистон бо истифода аз таҷрибаи Тоҷикистонро мавриди табодули назар қарор доданд.
Доктор Ҷамоли Сино пажуҳишгари Афғонистон дар мавриди вазоиф ва аҳдофи ин конфронс гуфт: "Ҳар кадом роҳҳои расидан ба як низоми қонунманд дар Афғонистон ва эъмори як ҷомеаи маданӣ ва чигунагии роҳҳои таҳким ва ҳифзи сулҳи давомдор дар Афғонистон суҳбатҳое доштанд, ки воқеан дар зоти худаш омузандагӣ дошт."
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - раҳбари мухолифини пешини ҳукумати Тоҷикистон - ба унвони раҳбари Комиссияи Оштии Миллии Тоҷикистон мегуяд, таҷрибаи дастёбӣ ба сулҳ дар Тоҷикистон барои тамоми башар қобили татбиқ аст ва меафзояд: "Дар Афғонистон ман фикр мекунам, ки ҳоло як ниҳоди инчунини монанди Комиссияи Оштии Миллие, ки мо доштем, онҳо ба тарзи худашон як чизе дошта бошанд, ки мардумро барои сулҳ омода созанд ва масоили мухталифи сулҳро ҳал кунанд".
Аммо оқои Нурӣ мегуяд, ҳануз баъзе аз исломиёни Тоҷикистон нигаронанд, ки имкон дорад фаъолияти ҳизбашон мамнуъ сохта шавад.
Ҳоруни Роун яке аз андешамандони ҷавони Афғонистон мегуяд, раванди татбиқи сулҳ дар Афғонистон назар ба Тоҷикистон тафовути зиёд дорад, зеро Афғонистон як кишвари касирулмиллият аст. У меафзояд: "Имруз мушкил он аст, ки мо дар Афғонистон як меҳвари ҳамапазир надорем. Меҳваре, ки ҳама қабулаш кунад, ҳама давраш ҷамъ шавад. Меҳваре, ки тамоми мазоҳиб, тамоми миллиятҳо битавонад, ки пиромуни ҳамон ҷамъ шавад ва гапе уро таъйид кунад."
Конфронси мазкур бо ибтикори Маркази пажуҳишоти стратегии дастгоҳи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунёди Фридрих Эберт ва Маркази байналмиллалии ҳифзи сулҳ дар Осиё баргузор шуд ва барои мақомоти Тоҷикистону Афғонистон пешниҳод таҳия кард.