Саидмуҳиддини ОймуҳаммадАммо раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон мегуяд, Шамсиддин Шамсиддинов беасос боздошт шудааст.
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон иттиҳомоти Додситонии Низомии кишварро алайҳи муовини раиси ин ҳизб Шамсиддин Шамсиддинов беасос ва амали додситониро дар амри боздошт ва зиндонӣ намудани вай, хилофи қавонини кишвар хонд.
Раиси Ҳизби Наҳзати Ислом ин суханонро пас аз мулоқоташ бо ноиби ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар масоили кишварҳои узви ҷомеаи ҳамсуд Линн Паско рузи душанбе, 9 июн дар нишасте бо хабарнигорон баён дошт.
Ҷаноби Нурӣ дар робита ба боздошти Шамсиддинуф мегуяд, парвандае, ки барои вай боз шудааст, ба номи Иброҳим Иброҳимов аст ва Шамсиддиновро додситонӣ ивази ҳамин шахс боздошт кардааст. Ҷаноби Нурӣ афзуд: "Ин чизҳое, ки эълон кардаанд, аз тарафи Додситонии Низомии кишвар ҳақиқат надорад. Ва агар ин чиз исбот шавад, ки ҳақиқат надорад, мо танҳо мегуем, ки дар асоси қонун ҳаққи як одамро поймол карданд, ҷавоб гуянд."
Ба қавли оқои Нурӣ масъулини бозпурсӣ ба вакили мудофеъ бо ҳар баҳона иҷозат надодаанд, ки бо шахси таҳти ҳимояаш мулоқот кунад. Вай меафзояд: "Дар он шабуруз вай латукуби шадид шуда буд, то андозае, ки масалан ду бор ёрии таъҷилӣ барои кумакаш даъват карда шуд."
Ва аммо ба саволи хабарнигорон дар мавриди ин ки дар мулоқот бо ноиби ёвари котиби давлатии ИМА кадом масоил дар миён гузошта шуд, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гуфт, усулан дар мавриди равандҳои демократисозии ҷомеа, озодии матбуот, мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон, ҳуқуқи занон табодули назар сурат гирифт. Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар сабти ном шудани баъзе аз аҳзоб монеаҳо эҷод мешавад, озодии матбуот ба андозае мебояд, ҳануз эҳсос намегардад. Аммо дар робита ба баргузории референдум роҷеъ ба ислоҳи Қонуни Асосӣ, ба гуфтаи ҷаноби Нурӣ ноиби ёвари котиби давлатии ИМА иброз доштааст, ки Иёлоти Муттаҳида ба тасмимоти давлати Тоҷикистон мудохила намекунад.
Ва аммо дар робита ба боздошти Шамсиддинов додситони ҳарбии Тоҷикистон Шариф Қурбонов гуфт, боздошти муовини раиси Ҳизби Наҳзат ангезаи сиёсӣ надорад ва барои додситонӣ аҳамият надошт, ки Шамсиддинов узви кадом ҳизб аст ва чи мақоми ҳизбӣ дорад.
Додситонии Низомии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабаргузории "Азия Плюс" ноиби раиси Ҳизби Наҳзати Исломро ба ҳамкорӣ бо дастаи ҷинояткор ва судури як қатор ҷиноятҳои сангин айбдор кард.