Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Панҷакент маводи имдодӣ фиристода шуд



Соҷидаи Мирзо



Интиқоли маводи башардустона ба Панҷакент, маҳалли офати табиӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистон рузи 8 июн шуруъ шуд. Ба гуфтаи Валентин Гатсинский, намояндаи Созмони Милал, бори башардустона дар Кумитаи Байналмиллаии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари дар Душанбе ва Хуҷанд омода шуд.

У гуфт, ин ду созмон дар ҳамдастӣ бо мақомоти Тоҷикистон 100 хайма, ҳазор кампалу рахти хоб, муҳимоти ошхона, гигиенаи шахсӣ ва дорувориро ба Панҷакент мефиристанд, ки бештар аз навоҳии дигар аз селу бурон осеб дид.

Масъулияти кумак ба занони ҳомила ва кудаконро Бунёди ҳимоят аз кудакони Созмони Милал (ЮНИСЕФ) ба душ гирифт. Борони бетанаффуси шоми ҷумъа ва туфони шадид дар шимоли кишвар ба вижа дар минтақаи Панҷакент ба марги се нафар сабаб шуд ва 400 манзили зист, роҳҳои мошингард ва пулу хатҳои интиқоли барқро хароб кард.

Валентин Гатсинский бо такя ба маълумоти пешакии созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукумати маҳаллӣ гуфт, ки селу ярч се танро дар Панҷакент қурбон ва се тани дигарро гумном кард. Беш аз 100 манзили зист комилан аз байн рафт. У афзуд, ки теъдоди осебдидагон бо шумули 300 зану кудак ба 2 ҳазор мерасад.

XS
SM
MD
LG