Раҳматкарими ДавлатИсроил Маҳмудов - муовини вазири тиҷорат ва иқтисоди Тоҷикистон мегуяд, ду кишвар то кунун ҳамкориҳои густардаи иқтисодӣ надоштаанд.
Рузи душанбе, 26 май дар шаҳри Душанбе форуми иқтисодии Тоҷикистону Олмон баргузор гардид. Дар ин форум намояндагони ҳукумати Олмон ва 17 ширкати саноатии ин кишвар, соҳибкорон ва мақомоти ҳукумати Тоҷикистон ва соҳибкорони тоҷик ширкат намуданд. Ҳайъати олмонӣ ба манзури омузиши шароити густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон аз як ҳафтаи пеш то кунун дар душанбе ба сар мебарад.
Питер Лоренс - сардори департаменти вазорати кор ва иқтисоди Олмон ва роҳбари ҳайъати олмонӣ баъд аз анҷоми нишаст ба хабарнигорон гуфт, ҳукумати Олмон Тоҷикистонро як шарики муҳими сиёсӣ ва иқтисодии ояндаи худ дар минтақа медонад.
Оқои Лоренс афзуд, зимни ин нишаст чанд тарҳи мушаххас барои ҳамкорӣ аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт. У аз ҷумла гуфт: "Ба мо маълум шуд, ки Тоҷикистон имконоти васеъи рушди нируи барқи обиро дорад, имкони инкишофи соҳаи нақлиёт ба хусус густариши шабакаи роҳҳоро дорад, то ин кишвар бо ҳамсоягонаш ва бо кишварҳои Аврупо молҳоро ворид ва содир намояд ва Тоҷикистон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро дорад, ки он ниёз ба коркард ва интиқол ба хориҷро дорад. Мо ба ин бахш, хусусан ба фаровардаҳои беолоиши экологии Тоҷикистон таваҷҷуҳ дорем. Мо ин тарҳҳоро барасӣ кардем. Аъзои ҳайъати мо метавонанд, ба ин пешниҳодот посухи мушахас бидиҳанд. Ва мо ҳамаи пешниҳодҳоро дар ихтиёри ширкатҳои дигари кишварамон низ, ки ба ин ҳайъат ҳамроҳ нестанд, хоҳем гузошт."
Аммо ба гуфтаи Исроил Маҳмудов - муовини вазири тиҷорат ва иқтисоди Тоҷикистон мегуяд, ду кишвар то кунун ҳамкориҳои густардаи иқтисодӣнадоштаанд ва Олмон ба Тоҷикистон танҳо кумаки башарӣ кардааст: "Ҳамкориҳои мо дар бахши мубориза бо бемории сил ва ҳамчунин соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ мебошад. Аллакай Олмон барои барқарор кардани беморхонаи касалиҳои сили ноҳияи Ваҳдат (Кофарниҳони пешин) якуним миллион евро кумаки башардустона расонидааст."
Муовини вазири иқтисоди Тоҷикистон мегуяд, ба манзури густариши ин муносибот қарор шудааст, дар моҳи оянда як ҳайъати Тоҷикистон аз Олмон дидан кунад.
Ҳайъати коршиносон ва намояндагони ширкатҳои олмонӣ тайи як ҳафтаи дигар аз корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ниругоҳҳои тавлиди барқи обӣ ва Корхонаи Алюминиуми Тоҷикистон дидан ва имкони сармоягузорӣ дар ин бахшҳоро баррасӣ мекунанд. Аммо ба назари коршиносон шароити комилан мусоид барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон то кунун фароҳам нашудаааст. Қабл аз ҳама қавонини ин кишвар замонати амнияти иқтисодии сармоягузориро куллан таъмин намекунад. Зарфи бештар аз даҳ соли истиқлолият ба иқтисоди Тоҷикистон танҳо 140 милион доллар сармоягузории мустақим сурат гирифтааст.