Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйиру иловаҳои пешниҳодӣ ба Сарқонуни Тоҷикистон



Мирзонабии Холиқзод

Бахши чоруми силсилагуфтори Радиои Озодӣ

"Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад" - ин яке аз таҳрирҳои пешниҳодӣ ба моддаи 41 Қонуни Асосӣ мебошад. Аммо ҳамин илова дар матни амалкунандаи моддаи 41 ба ҳамин маъно вуҷуд дорад. Пас зарурат ба таҳрир ва ё иваз намудани моддаи мазкур чӣ ҳаст? Ва чаро ин илова ба раъйпурсӣ гузошта шудааст?

Узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Шодӣ Аҳмадов мегуяд, бештар сиёсати иқтисодии кишвар ва меъёрҳои қавонини байналмиллалӣ водор намудааст, ки ба моддаи мазбур таҷдиди назар карда шавад: "Махсусан масъалаи таъмини воқеъии ҳуқуқи иҷтимоии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ ва таҳсил ба талаботҳои нави муносибатҳои иқтисодӣ ҷавоб намедиҳанд. Яъне имруз таълими умумии асосии мо, ин гирифтани таълими синфи 9-ум аст, яъне гирифтани таълими умумии асосиро давлат дар муассисаҳои таълими давлатӣ ба таври ройгон кафолат медиҳад. Дар ин ҷо ба ҷойи калимаи бепул пешниҳод шудааст, ки калимаи ройгон истифода шавад.

Аз ин шарҳ чунин ба назар мерасад, ки бар асоси ин илова давлат танҳо таҳсили ройгонро дар мактабҳое, ки бо буҷа таъмин мешаванд кафолат медиҳад. Дар Тоҷикистон литсейҳо ва гимназияҳои хусусӣ ва донишгоҳҳои шартномавӣ амал мекунанд, ки шогирдонро бо пул қабул мекунанд.

Аммо ҳуқуқшиноси тоҷик Ашурбой Имомов мегуяд, дар ин илова ба масъалаи таҳсилу парвариш баъзе норушаниҳо ҷой дорад. Дар ҳоли ҳозир вуҷуди норушаниҳо дар иловаи мазкур гумонҳоеро ба миён овардаааст, ки гуё давлат аз кафолати таҳсили ройгон дар муассисаҳои давлатӣ даст мекашад. Зеро сокинони Тоҷикистон мегуянд, беш аз 7 сол мешавад, ки дар макотиби олии кишвар ҳатман аз донишҷуён ба таври пинҳонӣ пул ситонида мешавад. Модоме ки дар илова ба моддаи 41 кафолати ройгон дар макотиби давлатӣ кафолат дода мешавад, бояд давлат муқаррароти кафолати ройгонро рушан созад.

Ба назари ҳуқуқшиноси тоҷик Ашурбой Имомов ин масъала дар Қонуни маориф ва дар Қонуни таҳсилоти олӣ низ зикр нашудааст: "Ҳамон меъёри Қонуни маориф ҳаст, дар мактабҳои ғайридавлатӣ таҳсил кардан, маълумот гирифтан ба таври равшан на ин ки кафолат дода нашудааст, балки эълон ҳам нашудааст". Таҳлилгарони соҳаи маорифи Тоҷикистон мегуянд, дар ҳоли ҳозир вазъи таълиму парвариш дар макотиби миёна ва олии Тоҷикистон қонеъкунанда намебошад. Модоме, ки моддаи 41 таҳрир хурдааст, бояд ҳамаҷониба шаффоф ва рушан карда шавад, то ин ки масъулияти давлат барои ба парвариш фаро гирифтани як хонанда маълум карда шавад.

Акнун меоем ба пешниҳоди 20-ум, ки ба моддаи 42 Қонуни Асосӣ дахл мекунад. Дар қаламрави Тоҷикистон, ҳар нафар вазифадор аст, ки Қонуни Асосии Тоҷикистонро риоя ва ҳуқуқу озодии дигаронро эҳтиром гузорад. Ин матни амалкунандаи моддаи 42 мебошад. Аммо бар асоси иловаи депутатҳо калимаи "қаламрав"аз ин матн бардошта мешавад. Чаро?" Ҳуқуқшинос Ашурбой Имомов: "Берун аз қаламрави Тоҷикистон, тибқи қонунҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон баъзе вазифаҳо дорад. Масалан дар сафоратхонаҳо, ки Тоҷикистон дар дигар мамлакатҳо дорад ва ба ҳамин баъзе ҷойҳое, ки ба Тоҷикистон тааллуқ дорад, гуё ки дар он ҷо ҳам ҳамин чиз бояд риоя шавад".

Иқтисодшиносони тоҷик пешниҳоди 21 - ум ба моддаи 45 ро муҳим мешуморанд. Дар он гуфта мешавад, дар матни моддаи 45 вожаи "иқтисодии шаҳрвандонро" ба калимаи "андозсупорандагонро" иваз карда шавад. Агар ин таҳрир муҳим аст, пас аҳамияти он аз чӣ иборат аст: Шодӣ Аҳмадов узви маҷлиси намояндагони Порлумони Тоҷикистон: "Яъне қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунад ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд. Ва ба ҳамин хотир ҳамин шакл тағйирот ба қисми дуюми моддаи 45 пешниҳод карда шуд".

Дар пешниҳоди баъдӣ, яъне 22-ум мебинем, ки депутатҳо хостори лағви қисми дуюми моддаи 47-и Қонуни Асосӣ шудаанд. Дар он гуфта мешавад, ки дар ҳолати эълони вазъи изтирорӣ дар кишвар Маҷлиси Олӣ пароканда карда намешавад. Ва муқаррароти Қонуни ҳолати изтирорӣ бар асоси қавонини мавҷуд муайян карда мешавад. Аз ҷониби намояндагони парлумон пешниҳод шудааст, ки ҳамин қисмат аз моддаи 45 бардошта шавад.

Аммо ҳадафи аслии ҳазфи ин қисмат аз чӣ иборат аст, намояндагони мардумӣ аз шарҳи он худдорӣ мекунанд. Дар пешниҳоди 23-ум сухан дар бораи таҳрири қисми 3-уми моддаи 48 меравад. Яъне муҳлати ваколати Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон 5 сол аст.

Қонуншиносон мегуянд, ҳадафи ин таҳрир таъкид бар ин аст, ки ваколати фаъолияти Маҷлиси Миллӣ аз ваколати палатаи поёнии парлумон камтар ё зиёдтар нест. Депутаҳои Маҷлиси Намояндагон низ таҳрири ин моддаро ба ҳамин маънӣ шарҳ доданд. Яъне Маҷлиси Миллӣ ҳамроҳ бо Маҷлиси Намояндагон дар як вақт интихоб мегардад ва муҳлати ваколати ҳарду баробар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG