Саидмуҳиддини ОймуҳаммадРусия пешниҳод намуд, ки Тоҷикистон ба ҳайси узви тавофуқномаи байналмиллалии маъруф бо номи "Долони Шимолу Ҷануб" пазируфта шавад.
Ахиран ҳукумати Русия бо судури мусаввабае пешниҳод намуд, ки Тоҷикистон ба ҳайси узви тавофуқномаи байналмиллалии нақлиётии маъруф ба номи "Долони Шимолу Ҷануб" пазируфта шавад. Шомил шудани Тоҷикистон ба ин тавофуқнома ба вай имконият хоҳад, ки колову маводи хешро аз тариқи қаламрави Эрон ба баҳри Хазар ё Каспий ба Русия ва аз он ҷо ба кишварҳои Урупоӣ интиқол диҳад.
Аз суи дигар, бо қабули узвияти ин тавофуқнома Тоҷикистон метавонад бо кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс ва аз он ҷо тавассути обҳои ҷаҳонӣ бо Ҳинд ва Осиёи ҷанубу - шарқӣ равобити тиҷоратиашро густариш бидиҳад.
Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Абдураҳим Ашуров дар ин замина мегуяд: "Аз тарафи Русия розигӣ дода шудааст, ки Тоҷикистон метавонад, ба созишномаи Шимолу Ҷануб дохил шавад. Нархи боркашонӣ нисбат ба заминӣ дар нақлиёти баҳрӣ кам аст, барои ҳамин ба мусофирон ва тоҷирон имкон медиҳад, ки бо нархи пасттарин рафтуомад ва тиҷорат кунанд."
Коршиносон мегуянд, интихоби роҳи нави алтернативӣ дар паҳлуи роҳи пешинаи интиқоли маводу коло аз тариқи қаламрави ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон аз ин лиҳоз муҳим аст, ки дар Эрон анвоъи хадамот дар масири роҳҳо беҳтар аст. Агарчи хароҷот тақрибан дар ҳар ду роҳ баробар аст.
Ва аммо тавофуқномаи маъруф ба долони "Шимолу Ҷануб" 12 сентябри соли 2000 аз ҷониби Русия, Ҳинд ва Ирон ба имзо расид ва то кунун кишварҳои Тоҷикистон, Белорус, Қирғизистон ва Уммон омодагиашонро барои қабули узвияти он эълон доштаанд. Ва барои он ки Тоҷикистон ҳаққи узвияти ин тавофуқномаро ба даст оварад, лозим аст пешниҳоди Русияро кишварҳои Ҳинд ва Эрон низ таъйид кунанд.