Раҳматкарими ДавлатОлимон ва коршиносони Тоҷикистон масоили вобаста ба истифодаи захираҳои обиро баррасӣ намуданд.
Олимон ва коршиносони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон 14 май зимни баргузории як нишасти тахассусӣ масоили вобаста ба истифодаи захираҳои обӣ ва роҳҳои рафъи мушкилоти мавҷуд дар ин заминаро баррасӣ намуданд.
Ба гуфтаи мутахассисон ва масъулони вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ахиран кишоварзон ба ду мушкили умда дар навоҳии мухталифи кишвар рубару шудаанд. Яке камбуди об барои шодобгардонии киштзорҳои зироат ва дигаре ботлоқшаваии заминҳо, ки бар асари руй задани обҳои зиризаминӣ иттифоқ меафтад.
Ғолиб Тағоймуродов - сардори раёсати истифодабарии замини вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегуяд, ба асари руй задани обҳои зеризаминӣ ҳазорон гектар замин беҳосил шудааст.
Ғолиб Тағоймуродов: "Бо сабаби баланд шудани обҳои зеризаминӣ, бад шудани ҳолати мелиоративии заминҳо ҳосилнокӣ паст шудааст. Масалан, ноҳияи Бешкент аз 12 ҳазору 361 гектар замини обӣ 7 ҳазору 860 гектараш дар ҳолати бад аст. Ҳосилнокии пахта 13,1 аз ҳосилнокии миёнаи ҷумҳурӣ, ки 19,1 аст, хело паст аст."
Ба назари мутахассисон як сабаби дигари шуразор ё биёбоншавии заминҳо ва ба ботлоқ табдил шудани киштзорҳо кишти бенизоми шолӣ мебошад. Сардори идораи истифодаи замини вазорати кишоварзӣ ҳамчунин гуфт, аз меъёр камтар расидани об ба киштзори пахта як сабаби дигари камии ҳосил мебошад. Камбуди оби зироатро у дар тоза накардани ҷуйбор ва каналҳои обгузар ва дар аксар маврид фаъол набудани насосҳои обкаш ё набудани нируи барқ барои ба кор даровардани ин воситаҳвои обкашӣ донист.
Оқои Тағоймуродуф мегуяд: "Қариб 290 ҳазор гектар замини обимон ба воситаи насосҳои обкаш обёрӣ мешаванд. Мувофиқи маълумоте, ки ман дар даст дорам, соли 2002, се ҳазору 366 гектар аз беобӣ кишт нашуд."
Ин мушкилот дар ҳолест ки Тоҷикистон ҳудуди 60 дарсади захираҳои обии минтақаи Осиёи Миёнаро дар ихтиёр дорад. Аммо бино бар адами мавҷудияти обанборҳои бузург ин кишвар натавонистааст, истифодаи воситаҳои обиро дар дохил ва дар минтақа танзим намояд.
Дар ин нишаст ҳамчунин дар мавриди барномаи роҳбурдии истифодаи захираҳои обӣ ва масъалаи баҳри Арал низ баҳс сурат гирифт. Қарор аст, дар моҳи август як чунин нишасти байналмилалӣ ба мақсади танзими истифодаи муштараки захираҳои обии минтақа дар Помир баргузор шавад.