Тоҳири Сафар
Ҳукумати Тоҷикистон рузи сешанбе, 13 май гуфт, ки охири моҳи июни соли равон беш аз 6 миллион доллар қарзи Сандуқи Байналмилалии Пулро бармегардонад.
Як манбаъ дар Бонки Миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дод, ин кишвар то имруз аз ин созмони байналмилалии молиявӣ ҳудуди 70 миллион доллар қарздор аст ва пайваста фоизҳои ин қарзро бармегардонад.
Ин хабар ба думболи изҳороти Эдуардо Анинат - муовини мудири иҷроияи Сандуқи Байналмилалии Пул нашр гардид, ки 11 май гуфт, ҳукумати Тоҷикистон беш аз 31 миллион қарзи ҷанҷолии ин созмонро баргардонидааст.
Эдуардо Анинат дар робита ба қарзи хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт, ин кишвар воми 31 миллиондолларии ҷанҷолиро баргардонидааст ва миёни ҳукумати Тоҷикистон ва созмони вай дигар мушкилӣ вуҷуд надорад.
Соли гузашта Сандуқи Байналмилалии Пул (АЙ ЭМ ЭФ) ошкор намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар бораи қарзҳои хориҷиаш ба ин созмон гузориши нодуруст додааст. Барои ин рафтори беҷо Ай Эм Эф Тоҷикистонро ба истилоҳ ҷазо дод ва аз ҳукумат хост, дар зарфи як сол беш аз 30 миллион доллари қарзи гирифтаашро баргардонад.
Як манбаъ дар Бонки Миллии Тоҷикистон рузи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ин қарзи ҷанҷолиро Бонки миллӣ соли гузашта қисм-қисм ба Сандуқи Байналмилалии Пул баргардонидааст.
Ин манбаъ гуфт, аз қарзи нави 87 миллиондолларии барои барномаҳои ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон пешбиникардаи Сандуқи Байналмилалии Пул ин кишвар 7 миллион доллари онро дарёфт кардааст.
Ба гуфтаи Эдуардо Анинат муовини мудири иҷроияи АЙ ЭМ ЭФ моҳи охири моҳи июл Шурои мудирони ин созмон масъалаи ихтисоси қарзи навбатиро ба Тоҷикистон баррасӣ мекунанд.
Қарзи зиёди хориҷӣ яке аз омилҳои аслии боздорандаи рушди иқтисод ва гиребонгири ҳукумати Тоҷикистон аст ва аз ин сабаб АЙ ЭМ ЭФ ба Тоҷикистон иҷоза намедиҳад, барои татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ дар як сол беш аз 10 миллион доллар қарз бигирад.
Раҳбари ҳайати Сандуқи байналмилалии пул Роберт Кристиансен дар поёни сафари ахираш ба шаҳри Душанбе гуфта буд, ҳаҷми зиёди қарзи берунии Тоҷикистони фақир ин созмони молиявиро нигарон кардааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ахиран дар нишасти кишварҳои донори Тоҷикистон гуфт, қарзи берунии Тоҷикистон то охири соли 2002-ум 80 дар сади маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил дода, ба 985 миллион доллар расидааст. Раҳмонов афзуд соли равон 35 фоизи даромади буҷаи кишвар барои баргардонидаи қарзҳои хориҷӣ масраф хоҳад шуд.