Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқи зиёд бо озодии камтар



Мирзои Салимпур

Вазъи матбуоти мустақили Тоҷикистон дар баррасии Пажуҳишгоҳи Байналмилалии Матбуот

Пажуҳишгоҳи Байналмилалии Матбуот дар як баррасӣ вазъи матбуоти мустақил дар кишварҳои ҷаҳонро ба баррасӣ гирифта, аз ҷумла як банди гузоришашро ба Тоҷикистон ихтисос додааст. Пажуҳишгоҳи матбуот бо истинод ба сарлавҳаи як мақола дар ҳафтаномаи "Азия Плюс"-и чопи Душанбе манзараи умумии озодии матбуот дар Тоҷикистонро "ҳуқуқи зиёд бо озодии кам" унвон кардааст.

Пажуҳишгоҳи матбуот дар ин баррасӣ мониаҳои мавҷуда дар роҳи фаъолияти хабарнигорони тоҷикро як ба як тасниф карда, ва ҳамзамон муҳимтарин таҳаввулоти соли гузашта дар риштаи матбуоти озоди Тоҷикистонро ёдовар мешавад.

Пажуҳишгоҳи Байналмилалии Матбуот, мақараш дар шарҳи Венаи Австрия, менависад, қонунгузории Тоҷикистон озодии матбуотро замонат додааст, вале хабарнигорон дар роҳи дарёфти маълумот ҳамчунон ба мониаҳои зиёде рубару ҳастанд. Пажуҳишгоҳи Байналмилалии Матбуот мегуяд, мақомоти Душанбе муқаррароти қонунгузории ҷориро ба суди худ ва ғалат тафсир мекунанд.

Пажуҳишгоҳи Матбуот аз ҳафтавори мустақили "Азия Плюс" нақли қавл мекунад, ки адами марказҳои матбуот дар аксари мақомоти давлатии Тоҷикистон ва камбуди кормандони ҳирфаӣ дар ин идораҷотро як сабаби эҷоди чунин мушкилот дар роҳи фаъолияти хабарнигорони маҳаллӣ гуфтааст.

Мониаи дигар, ба назари ин пажуҳишгоҳ, адами муҷозот барои нақзи муқаррароти қонуни матбуот дар қонунгузории ҷиноии Тоҷикистон аст. Яъне ҳар мақоми давлатӣ метавонад бо ягон баҳонаи ночиз монеъи дастрасии хабарнигорон ба маълумоти барояшон лозимро шавад ва ҳам беҷазо монад.

Аммо дар айни ҳол дар қонунҳои Тоҷикистон барои паст задани эътибори шахсият ва ба вижа мақомдорони вақт бо шумули раисиҷумҳур муҷозоти сахт муқаррар шудааст. Вуҷуди чунин бандҳо дар қонунгузории кишвар боиси камҷуръатӣ ва ҳатто ҳароси хабарнигорони маҳллӣ аз баррасии масоили доғ ва вобаста ба ин ё он мақоми давлатӣ мешавад.

Марат Мамадшоев, сардабири ҳафтаномаи "Азия Плюс" мегуяд, агар дар чанд соли пеш мамониати мансабдорон ва фармондеҳон монеъи аслии нашри матолиби интиқодӣ дар нашрияҳои Тоҷикистон буд, феълан худсонсурии хабарнигорон зарурати вуҷуди ҳар навъ мониаи дигарро аз байн бурдааст. Марат Мамадшоев таҳияи қонуни нави матбуотро бо ташхиси ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳам хабарнигорон ва ҳам мақомоти масъули давлатӣ зарур мешуморад: "Барои мо хабарнигорон як қонуни нави матбуот лозим аст, ки тартиби дастрасӣ ба маълумот, ҳуқуқу уҳдадориҳои ҷонибҳоро якбаяк мушаххас кунад. Хулоса, он тағйироте ки ба қонуни ҷорӣ дароварда шуд, касеро қаноат дода наметавонад."

Аммо Усмон Назиров, узви Маҷлиси Намояндагон ва муаллифи маҷмуъаи тағйирот ба қонуни кунунии матбуоти Тоҷикистон мегуяд, сабаби ин мушкилот қонуни матбуот нест: "Гапи ёфтагии журналистҳо ҳамин, ки ин қонун барои мо садди роҳ мешавад, ин қонун барои мо норавшан аст, мониа аст. Пешниҳод кунунд, гапи ҳавоӣ задан даркор нест. Боби дуввуми Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳар журналист ҳамаи шароитро додааст, қонун додааст. Вай агар гапе гуфта натавонад, вай агар аз касе маълумот гирифта натавонад, айби қонун чист?"

Аммо баргардем ба гузориши Пажуҳишгоҳи Байналмилалии Матбуот, ки таҳти назорати давлат қарор доштани чопхонаҳоро як мониаи дигар дар роҳи озодии матбуоти Тоҷикистон хондааст. Мухтор Боқизода, сардабири ҳафтавори мустақил ва тозатаъсиси "Нируи Сухан" низ ба ҳамин назар аст: "Яке аз мушкилоти сангин набудани як чопхонаи мустақил аст, ки рузноманигороне, ки мехоҳанд ин ё он рузномаи озодандешонаи хешро руи чоп оваранд, аз он истифода кунанд. Аслан нашриёти "Шарқи Озод" моли ҳукумат ва дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аст. Рузномаҳои мустақил наметавонанд дар он ҷо рузнома нашр кунанд. Ҳам нарху навои нашр дар ин ҷо қиммат аст ва ҳам метавонанд бо ҳар баҳона рузномаҳои онҳоро чоп накунанд".

Пажуҳишгоҳи Байналмилалии Матбуот зимнан аз чанд ҳодисаи муҳими соли гузашта дар саҳнаи матбуоти озоди Тоҷикистон низ ёдовар шудааст. Аз ҷумла ҳукми афви сардабири Чароғи Руз Додоҷони Атовулло дар моҳи июни соли 2002 ва иҷозаи пахши барномаҳои родиёи мустақили Азия Плюс дар моҳи июл аз чунин таҳаввулоти мусбат хонда мешаванд. Аммо гузориш мегуяд, қатъи таъқиби Додоҷони Атоввуло танҳо баъди даҳ соли шуруъи парвандаи у ва иҷозаи пахши гуфторҳои "Азия Плюс" пас аз чор соли талошҳои бунёдгузорони ин шабака ва он ҳам бо дахолати мустақими раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов муяссар шудааст.

XS
SM
MD
LG