Нурмуҳаммади Холзода
Ҳоҷимуҳаммад Умаров - иқтисоддони тоҷик - ба ИТАР-ТАСС - хабаргузории Русия гуфтааст, ки ҳар сол тақрибан 800 000 нафар ҷавони тоҷик дар ҷустуҷуи кор Тоҷикистонро тарк мекунад. Бино ба маълумоти мавҷуда, аз се як қисми ин ҷавонон, аз ҷумла ҷавонони оиладор, дар ҷойҳои нави кории худ дубора оиладор мешаванд.
Бино ба гуфтаи ин донишманд, Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ ба камбуди мард ё ба истилоҳ "домод" ру ба ру шудааст ва баъзе кудакон бидуни падар ба камол мерасанд.
Профессор Умаров мегуяд, афзоиши муҳоҷирати корӣ ба дунболи ҷангҳои ахири дохилӣ ва сатҳи пойини зист боиси пойин рафтани сатҳи маъмулии таваллуд дар Тоҷикистон шудааст. Ба гуфтаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров, дар соли 1985 мизони таваллуд ба ҳар ҳазор нафар соле 40 кудак дуруст меомад, вале соли 2001 ин нишондод 34 дарсад коҳиш ёфтааст.