Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати САҲА аз Тоҷикистон дидан мекунад



Хиромони Бақозода



Ошноӣ бо вазъи сиёсиву низомии Тоҷикистон, масъалаи мубориза бо маводи мухаддир мавзуи аслии сафари ҳайъати баландпояи кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ба Душанбе мебошад.

Дар дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба ин ҳайъат сафирони Норвегия, Булғористон, Ирландия, Шветсия ва Фаронса шомиланд.

Дар рузи аввали сафар ба Тоҷикистон ҳайъати сафирон бо фаъолияти ожонсии мубориза бо маводи мухаддир шинос шуданд. Игор Михайлевский, як масъули низомии дафтари САҲА дар Душанбе гуфт, зимни мулоқот Рустам Назаров, раҳбари ин оҷонсӣ ҳозиронро аз баъзе дастовардҳои Тоҷикистон дар раҳи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар кишвар ва минтақа огаҳ кардааст.

Игор Михайлевский афзуд: "Ҳар 1 доллари ихтисосшуда аз руйи ҳисоби у ва гуё мутахассисони Вена дар бозорҳои Аврупойи Ғарбӣ 150 доллар фоида меорад. Рустам Назаров мегуяд, аз замони шуруъи фаъолияти ин ожонсӣ аз суи барномаи мубориза бо маводи мухаддири Созмони Милали Муттаҳид барои он 9 милёну 370 ҳазор доллар ихтисос ёфта буд ва аммо дар Тоҷикистон дар ин муддат ба маблағи 1 миллиарду 44 милён доллар маводи мухаддир мусодира шудааст"

Сафари ҳайати сафирони САҲА ба Тоҷикистон то рузи 9-уми май идома меёбад.

XS
SM
MD
LG