Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизб-ут-Таҳрир аз Амрико низ кумак мешавад



Хиромони Бақозода



Хабаргузориҳои "Вароруд" ва "Интерфакс" мегуянд, дар тули солҳои 1999 - 2003 созмони мамнуъшудаи "Ҳизб-ут-Таҳрир" барои фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷониби як шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо исми Илуддин Муҳтӣ ба маблағи 5 995 доллари амрикоӣ кумак гирифтааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон, ки ин парвандаро баррасӣ мекунанд, гуфтанд, ки нафари мазнун шаҳрванди Тоҷикистон Зайниддин Абдуваҳҳобов аст, ки бовар меравад, дар тули чаҳор соли ахир тавассути ду бонки хориҷӣ ва як бонки маҳаллӣ ин маблағро дарёфт кардааст.

Хабаргузории "Вароруд" мегуяд, маблағи мазкур барои фаъолияти ташвиқотии Ҳизб-ут-Таҳрир равона шудааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон ба "Интерфакс" гуфт, фаъолони Ҳизб-ут-Таҳрир аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон низ маблағгузорӣ мешаванд. Дар тули солҳои 2000 - 2003 кормандони ҳифзи тартиботи Тоҷикистон ва ҳазорҳо адад китобу варақаи таблиғотии Ҳизб-ут-таҳрирро мусодира кардаанд. Ҳудуди 20 нафар бо иттиҳоми мушорикат дар фаъолияти ин созмон боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG