Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 9 миллион доллар қарз мегирад



Тоҳири Сафар



Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов шоми якшанбе, 4 май бо мудири Бонки Исломии Рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ созишномаеро имзо кард, ки бар асоси он Бонки Исломӣ ба Тоҷикистон 9,2 миллион доллар қарзи имтиёзнок медиҳад. Ин маблағ барои тармиму таҷдиди шабакаҳои фарсудаи обрасонии шаҳри Душанбе истифода хоҳад шуд.

Шабакаҳои обрасонии пойтахти Тоҷикистон ҳануз соли 1961 бунёд шудаанд ва тавони таъмини тамоми сокинони Душанберо бо оби пок надоранд.

Бонки Ҷаҳонӣ низ барои тармими ин шабакаҳо барои ҳукумати Душанбе беш аз 15 миллион доллар қарз ҷудо кардааст.

XS
SM
MD
LG