Мирзонабии ХолиқзодТағйиру иловаҳо ба 4 моддаи аввали Қонуни Асосӣ дар бахши дуввум аз силсилагуфтори Радиои Озодӣ.
"Калимаҳои ҷумлаи "Мо халқи Тоҷикистон, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем" минбаъд бо ҳарфҳои бузург навишта шаванд" - ин нахустин илова ба Қонуни Асосии кишвар аст, ки дар дебочаи Қонуни Асосӣ оварда шудааст. Яъне дар ҳар санад ё китоб ё дар ҳар куҷое, ки ҷумлаи мазкур истифода мегардад, бояд бо ҳарфҳои калон навишта шавад. Дар матни кунуни дебочаи Қонуни Асосӣ ҳамин ҷумла бо ҳарфҳои кучак навишта шудааст.
Пешниҳоди дуввум як илова ба матни моддаи 5-уми Қонуни Асосӣ мебошад. Ва ин илова чунин аст: "Инсон ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд".
Намояндаи маҷлиси поёнии парлумон Абдулло Орифов дар мавриди аҳамияти ин илова ба Қонуни Асосӣ чунин изҳори назар мекунад:
"Давлат кафолат медиҳад, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳояш арзиши олӣ мебошанд. Пас мо бояд онро ба инобат гирем. Дар ин ҷо дар моддаи амалкунанда қайд шудааст, ки ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқи фитрии инсон дахлнопазиранд. Дар ин ҷо аз ҳама дараҷаи баландтарин он ин бевосита озодии инсон аст, ки давлат қатъи назар аз ҷинсу миллат ва нажодаш онро кафолат медиҳад ва давлат ҳуқуқ ва озодии инсонро эътироф карда, онро риоя ва ҳифз менамояд."
Аз ҷониби намояндагон ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки ҳамин илова дар оғози матни моддаи шаш ҷой дода шавад ва Қонуни Асосӣ дар қадами аввал ҳуқуқу волоияти шаҳрвандро ҳамчун инсон муҳтарам шуморад.
Пешниҳоди баъдӣ, яъне илова ба моддаи 6-умро низ намояндагони парлумон ва сиёсатшиносон муҳим арзёбӣ мекунанд. Пешниҳод ба моддаи шашум аз чанд илова иборат буда, иловаи нахуст ба ин шакл аст: "Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умуммихалқӣ ва интихобот аст".
Аммо узви кумитаи робитаҳои байналмилалии Маҷлиси Намояндагон Муҳаммадшарифи Ҳимматзода мегуяд, яке аз пешниҳодоти аслӣ ба ин модда бардоштани ҷумлаи "Ғасби ҳукумат вазнинтарин ҷиноёт аст" будааст. Оқои Ҳимматзода меафзояд: "Дар матни амалкунанда "Ғасби ҳокимият вазининтарин ҷиноят аст" буд, ҳаминро тағйир доданд. Аслан чизи усулӣ, чизи асосие, ки дар ин ҷо тағйир ёфтааст, ҳамин аст. Чунки ҷиноятҳо бисёранд, лекин амали як шахсро ҳамон вақт ҷиноят гуфта мешавад, ки у бо ҳукми суд маҳкум шавад ва ҷиноят будани амали у исбот шавад. Тағйироти муҳим дар ин модда ҳамин аст."
Хуб,ин як масъалаи пешниҳод ба моддаи 6-уми Қонуни Асосӣ мебошад, аммо иловаи дигар ба ҳамин модда мегуяд: "Калимаи "тасарруф" ба калимаи "ғасб" иваз карда шавад ва банди дигар "ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он мамнуъ дониста шавад".
Ин чӣ маъно дорад? Оқои Ҳимматзода, узви Маҷлиси Намояндагон чунин шарҳ медиҳад: "Ба фаҳмиши ҳуқуқдонҳо, ғасби ҳокимят ва тасарруфи салоҳиятҳои он маъниҳои дигар доранд. Ғасби ҳокимият, яъне бо роҳи зурӣ сарнагун кардан ва ё қудратро гирифтан аст, аммо тасарруфи баъзе салоҳиятҳо масалан гоҳо мешавад, ки касе салоҳиятеро надорад, вале мехоҳад чунин салоҳиятро аз худ кунад. Яъне як кас аз пеши худ мегираду салоҳиятҳои ҳукуматро аз они худ мекунад. ба фикри ман ҳам, ғасби ҳокимият як маънӣ дорад ва тасарруфи салоҳиятҳои он як чизи дигар аст."
Ба назари намояндагони парлумон, тақрибан бо ин иловаҳо моддаи 6-уми Қонуни Асосӣ 80 дар сад тағйир мехурад.
Акнун назар мекунем ба пешниҳоди 4 ум, ки ба ба моддаи 8-уми Қонуни Асосӣ дахл дорад. Абдуллоҳ Орифов, узви кумитаи иқтисод, андоз ва будҷаи Маҷлиси Намояндагон моро ба ҳамин илова ба моддаи 8 ошно мекунад: " Мафкураи ҳеҷ як ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё динӣ ва ҳаракат ё гуруҳ наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Дар қисми севвум ибораи "ҳизбҳои сиёсӣ" ҳамроҳ карда шуд."
Иловаи мазкур ба банди дуввуми моддаи 8 дахл дорад, ки дар матни амалкунандаи он чунин гуфта шудааст: "Ҳеҷ як идеология аз ҷумла мафкураи мазҳабӣ наметавонад ба ҳайси идеологияи даватӣ эътироф шавад."
Аммо оқои Ҳимматзода мегуяд, ҳадафи аслии ворид намудани ин илова ба Қонуни Асосӣ, яъне боз ҳам рушанӣ андохтан ба ҳамин масъала мебошад. Тавре аз шарҳи у бармеояд, мафкураи ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ҳаракат ва ё гуруҳе наметавонад идеологияи давлат дониста шавад.
Бахши аввали ин гузориш дар гушаи Архив аз таърихи 24 апрел.