Саид Сабоҳ
Чаҳорумин конфронси кишварҳои донори Тоҷикистон, ки таҳти сарпарастии Бонки Ҷаҳонӣ даъват шудааст, рузи 2 май дар қасри президентии Пуғус дар дараи Варзоб ба кори худ идома медиҳад. Конфронси кишварҳои донор, ки рузи 1 май оғоз ба кор кард, фардо хотима меёбад.
Як корманди расмии Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, дар ин ҷаласа намояндагони 10 кишвар ва ҳамчунин Сандуқи Байналмилалии Пул, Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд, Бонки Осиёӣ ва дигар идораҳои байналмилалӣ ҳузур доранд. Ҳозирон дар ҷаласа ба ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисоди Тоҷикистон, ва амалисозии барномаи стратегии коҳиши фақри ин кишвар тавваҷуҳ мекунанд.
Дар ин ҷаласа президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва муовини мудири Бонкӣ Ҷаҳонӣ Йоҳанес Линн ширкат мекунанд. Дар севвумин нишасти кишварҳои донори Тоҷикистон, ки моҳи майи соли 2001-ум дар Токио баргузор шуда буд, ин кишварҳо аҳд карданд, ба Тоҷикистон 430 миллион доллар кумаки молӣ мерасонанд.