Мирзои Салимпур
Бино ба маълумоти хабаргузории "Азия Плюс", шоҳзода Амин Оғохон, бародари имоми исмоилиҳои ҷаҳон Оғохони 4, бо як сафари шиносоӣ вориди Тоҷюикистон шудааст.
Манобеъи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон мегуянд, Амин Оғохон дар ҷараёни ин сафар аз вилояти Бадахшон дидан карда, бо фаъолияти шабакаҳои Бунёди Оғохон дар ин минтақа ошно хоҳад шуд.
Ҳамин манобеъ ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтаанд, ки қарор аст, рузҳои 2 ва 3 моҳи май дар Душанбе анҷумани кишварҳо ва созмонҳои кумакрасони Тоҷикистон баргузор шавад ва ба хотири ширкат дар ин анҷуман Оғохони 4 низ қасди сафари Душанберо дорад.