Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахши барномаҳо дар Бадахшон беҳтар мешавад



Саиди Сабоҳ



Маркази пахши амвоҷи радиову телевизион дар вилояти Бадахшон хабар дод, ки дар соли ҷорӣ 28 дастгоҳ барои пахши барномаҳои телевизиони миллии Тоҷикистон дар минтақаи Бадахшон ба кор шуруъ мекунанд.

Раиси ин марказ Маъқулшоҳ Маъқулшоев изҳор дошт, ки ин дастгоҳҳо дар деҳкадаҳои дурдаст ҷойгузин мешаванд. У афзуд, ки масорифи ин дастгоҳҳоро вазорати мухобироти ҷумҳурӣ ба уҳда гирифтааст.

Ба гуфтаи оқои Маъқулшоев, бо фаъол гардидани ин дастгоҳҳо 75 дар сади аҳолии вилояти Бадахшон метавонанд барномаҳои телевизиони миллии Тоҷикистонро тамошо намоянд.

XS
SM
MD
LG