Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Роҳи Абрешим" дар Ню-Йорк



Саидқосими Қиёмпур

Фестивали филмҳои Осиёи Марказӣ дар маркази Линколн ифтитоҳ меёбад.

Рузи 2-юми моҳи май дар маркази Линколни шаҳри Ню-Йорки Ийолоти Муттаҳида фестивали филмҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони "Роҳи Абрешим" ифтитоҳ мешавад. Иттилоъ дода мешавад, ки дар баргузории ин ҷашнвора намояндагиҳои Пажуҳишгоҳи Ҷомеаи Озод дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сафоратҳои Ийолоти Муттаҳида дар Қазоқистону Узбакистон ва Қирғизистон саҳм гирифтаанд.

Дар фестивал ҳам филмҳои ба тозагӣ офарида ва ҳам асарҳои солҳои пеш ба навор бардоштаи таҳиягарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Алоқамандони кино бо чанд асари таҳиягари маъруфи қирғиз Толомуш Окоев, филмҳои коргардони узбак Алӣ Ҳамроев "Бидуни тарс", ва "Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад", филми "Братан"-и режиссёри кинои тоҷик Бахтиёр Худойназаров ошно хоҳанд шуд, ки дар чанд озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гаштаанд.

Тамошобинон ҳамчунин метавонанд бо ҳунари филмофарии таҳиягарони ҷавон Даришоҳ Омирбоев, Серик Апримов, Амир Қароқулов ва Эрмек Чинорбоев аз Қазоқистон, Ҷамшед Усмонов аз Тоҷикистон, Оқтана Абдухолиқова ва Мара Сарулу аз Қирғизистон ва Худойқулӣ Норлиев аз Туркманистон шинос шаванд.

Дар фестивал филмҳои таҳиягарони тоҷик - "Братан"-и Бахтиёр Худойназаров, "Мавсими алафҳои зард"-и Марям Юсуфова ва "Фариштаи китфи рост"-и Ҷамшед Усмонов низ ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд.

"Братан"-и Бахтиёр Худойназаров ҳикояти ҷолибест дар бораи ду бародар, Фаррухи 17-сола ва Азамати 7-сола, ки аз шаҳр ба ҷустуҷуи падари худ мераванд.

"Мавсими садафҳои зард"-и Марям Юсуфова дар бораи он қисса мекунад, ки чӣ гуна ду чупон дар як деҳаи дурдасти куҳистон ҷасади мардеро пайдо намуданд ва чун муайян шуд, ки ин мард мусалмон нест, аҳли деҳа ҷамъ омаданд ва дар мавриди тибқи кадом расму одат ба хок супурдани у ба машварат пардохтанд.

Филми "Фариштаи китфи рост"-и Ҷамшед Усмонов ҳикоят дар бораи ҷавонест, ки баъди адои ҳукм дар як маҳбаси Русия ба зодгоҳи худ - ноҳияи Ашт бармегардад, то дар рузҳои охири ҳаёти модараш бо у бошад. Ва аммо афроде, ки аз онҳо қарздор аст, оромаш намегузоранд ва у ба зудӣ дарк мекунад, ки зиндагӣ дар зодгоҳаш чӣ қадар сангин гаштааст.

Фестивали филмҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони "Роҳи Абрешим" дар маркази Линколни Ню-Йорк то 29-уми моҳи май идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG