Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон яке аз 20 кишвари нодортарин аст



Саид Сабоҳ



Гуруҳи байналмилаллии буҳроншиносӣ рузи 25 апрел бо пахши як гузориш гуфт, таҷрибаи Тоҷикистон барои поён додан ба ҷанги хонумонсузи дохилӣ ва ҷой додани гуруҳои мухолифин сазовори ситоиш мебошад.

Дар гузориши ин гуруҳ омадааст, ки дар зарфи ду соли гузашта пешрафтҳои калон дар соҳаи таъмини амният ва оромии Тоҷикистон мушоҳида мешавад.

Аммо дар гузориш қайд шудааст, ки иқтисоди Тоҷикистон дар вазъи ноҳинҷор қарор дорад ва ин кишвар ҳануз ҳам дар ҷумлаи 20 кишвари бебизоати дунё ҳисоб мешавад. Назар ба навиштаи гуруҳ қаҳтӣ дар кишвар сабаби афзоиши қочоқи маводи мухаддир гардида, заминаҳои фаъолиятро барои тундравони исломӣ фароҳам сохтааст.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG