Соҷидаи МирзоИн гуруҳ мегуяд, Тоҷикистон ҳамчунон дар радифи 20 кишвари бебизоати ҷаҳон боқӣ мондааст.
Гуруҳи байналмилаллии буҳроншиносӣ дар гузориши худ бо номи "Харитаи роҳи рушди Тоҷикистон" мегуяд, бо вуҷуди кумакҳои ҷомеаи байналмилал, Тоҷикистон фақиртарин кишвари минтақа боқӣ мондааст.
Ёриҳои башардустона ба ин кишвар аз оғози маъракаи зиддитеррор дар Афғонистон афзоиш ёфт. Аммо дар бисёр ҳолат, набуди ҳамоҳангӣ дар тақсими кумакҳои хайрия ба мушоҳида расид ва ҳамчунин маълум шуд, ки аксар созмонҳои муқими Тоҷикистон барномаи стратегии дарозмуддат надоранд.
Гуруҳи байналмилаллии буҳроншиносӣ менависад, таҷрибаи хатми ҷанги шаҳрванди Тоҷикистон қобили ситоиш аст. Ҳукумат дар самти таъмини амнияти саросарӣ ба як қатор пешрафт муваффақ гардид ва амният дар ду соли ахир таҳким ёфт. Аммо вазъи иқтисодӣ ҳамоно буҳронӣ боқӣ мондааст. Тоҷикистон - яке аз 20 кишвари бебизоати ҷаҳон, дар руйхати камтарин давлатҳое шомил шудааст, ки дар он бачаҳо дар саводнокӣ аз волидайни худ ақиб мемонанд. Маоши ҳадди аққал дар ин кишвари Осиёи Марказӣ моҳе поинтар аз ҳафт доллар ва буҷаи кишвар дар муқоиса бо соли 1990, 10 баробар камтар аст. Сӣ дар сади аҳолӣ ҷойи кор надоранд ва ҳадди аққал 30 дар сади атфол пайваста гуруснагӣ мекашанд. Як миллион аз аҳолӣ пойбанди кумакҳои башардустона ва маргу мири кудакон пайваста дар афзоиш аст. Илова ба ин сохтори маориф ва беҳдошт дар ҳоли суқут қарор доранд.
Гуруҳи байналмилаии буҳроншиносӣ дар гузориши худ оиди рушди Тоҷикистон овардааст, ки Тоҷикистон ҷабри мавқеи ҷуғрофӣ мекашад ва аксар навоҳии он бо фарорасии зимистон умдатан дар инзиво қарор мегиранд.
Ба гуфтаи Девид Луис - раҳбари баномаи Гуруҳи ҷилавгирӣ аз буҳронҳо дар Осиёи Марказӣ фақирӣ, фасодкорӣ ва қочоқи маводи мухаддир, роҳро барои рушди фаъолияти гуруҳҳои террористӣ ва ифротгаро ҳамвор намудаанд, ки ин омилҳо дар навбати худ ба боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ва суботи амният дар кишвар халал мерасонанд.
Роберт Тампл - раиси бахши осиёии Гуруҳи байналмилаии буҳроншиносӣ мегуяд, маоши ками ходимони давлатӣ роҳро барои фасодкорӣ, аз ҷумла ришваситонӣ боз кардааст:"Коррупсия ба таври ошкор аз боло то поёни ҳукумат вуҷуд дорад ва бахши асосии он мероси даври шуравист, ки ба ҳукуматдорони қудрати беш аз ҳад медиҳад, то ба корҳои тиҷорат ва бизнес мудохила кунанд. Ин дар зимн ба сатҳи поини маоши кормандони ҳукумат вобаст аст. Тавре ки масалан кормандони милиса маҷбур мешаванд, даромади ками худро бо гирифтани ришва такмил намоянд. Аммо ин вазъ то сатҳи болои ҳукумат ҳам меравад. Дар воқеъ коррупсия дар раванди сиёсии Тоҷикистон ба сурати муайяншуда даромадааст, зеро махсусан бо қарордоди оштии миллӣ, иқтисодиёт миёни гуруҳҳои сиёсӣ навъе тақсим карда шуд, тавре ки ҳар яке аз ин гуруҳҳо секторҳои муайянро контрол мекунанд. Ва ин албатта ба ташвиқи ошкорӣ ва шафофият дар ҳукумат роҳи беҳтарин нест.
Гуруҳи байналмиллии буҳроншиносӣ дар гузориши худ бо номи "Харитаи роҳи рушди Тоҷикистон" ба ҳукумати кишвар, созмонҳои байналмилалӣ ва роҳбарияти Русия чанд тавсия додааст. Дар бахши тавсияҳо аз ҷомеъаи байналмилалӣ даъват шудааст, ба соҳоте тамаркуз диҳад, ки метавонанд рушди Тоҷикистонро таъмин кунанд. Аз ҷумла, соҳаи беҳдошт, кишоварзӣ, маориф, шабакаҳои нақлиётӣ ва мубориза бо маводи мухаддир. Созмон меафзояд, пеш аз ҳама ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ бояд дар самти беҳтар намудани сохтори идоравӣ, махсусан мубориза бо фасодкорӣ иқдом кунанд.
Мутахасисони Гуруҳи буҳроншиносӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додаанд, ки бо роҳи ислоҳоти замин амнияти озуқа ва дастрасии мардуми камбизоат ба заминро таъмин намояд. Дар баробари ин фазои фаъолияти марбут ба бизнеси хурд ва миёнаро озодтар кунад. Созмон меафзояд, низоми молиёту андоз бояд нарм, барои рушди бизнес мусоид ва дахолати ҳукумат ба умури онҳо маҳдуд бошад.
Дар бахши тавсияҳои иқтисодӣ аз байн бурдани монополияи ҳукумат ба соҳоте амсоли туризм ва нақлиёт таъкид шудааст.
Гуруҳи буҳроншиносӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки ширкати ҷомеаро дар ҳаёти сиёсии кишвар таъмин кунад, раванди ислоҳоти сохтори додгоҳӣ ва беҳбуди фаъолияти ҳадамоти ҳифзи ҳуқуқро таъмин намояд.
Аз Роберт Тампл, раиси барномаҳои осиёии Гуруҳи байналмиллалии буҳроншиносӣ пурсидам, дар ҳоле ки Тоҷикистон тавсияҳои ҳамранги Департаменти Давлатии Амрико, Созмони Милал ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуоро ҷиддан пайгирӣ накардааст, ки оё умедворӣ вуҷуд дорад, ки маслиҳати Гуруҳи буҳроншиносиро ба инобат бигирад?
Ҷаноби Тамплер гуфт:"Мо умеди худро ҳифз мекунем, аммо инро ҳам ҳис мекунем, ки мушкилоти зиёд вуҷуд доранд. Умедворем ба касоне, ки хоҳони ислоҳот дар Тоҷикистон ҳастанд, фикру пуштибонии худ ва таҳлили ҷомеаи байналмилалиро тақдим карда тавонем. Бахши муҳими ин ёрӣ ба беҳбуди ҳукуматдорӣ ва сохтори умумии кишвар бахшида мешавад, то худи тоҷикҳо кишвари худро пешрафт диҳанд ва сохторҳои дурусти ҳукуматӣ ва ҳуқуқиро ба вуҷуд оваранд, то худи мардуми Тоҷикистон битавонанд кори пешрафти кишварро ташкил диҳанд."
Гуруҳи байналмилаии буҳроншиносӣ дар баробари ҳукумати Тоҷикистон аз ҷомеаи байналмиллалӣ даъват кардааст, ки барои бахшидани қарзҳои хориҷии ин кишвари фақир ва ё тамдиди муҳлати пардохти онҳо иқдом кунад ва кумаки техникиву ҳуқуқиро аз Тоҷикистон дареғ надорад. Ин созмон аз мақомоти Русия хостааст, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик ҳимоят кунанд, онҳоро аз таъқиб наҷот диҳанд ва раванди сабти ному харҷи онҳоро соддаву арзонтар кунанд.