Саидмуҳиддини Оймуҳаммад
Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид барои ҳифзи табиати Тоҷикистон наздики 200 ҳазор доллар тахсис дод. Ба иттиллои хабаргузории Азия Плюс, ин маблағ бар пояи ду санад, ки ахиран миёни вазорати ҳифзи табиати Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид ба имзо расиданд, тахсис меёбад.
Гуфта мешавад, ин маблағ барои ҳифзи муҳити зист, истифодаи дурусти манобеи табиӣ, ҷилавгирӣ аз биёбоншудани сатҳи замин дар имтидоди қаторкуҳҳои Ҳисор истифода хоҳад шуд.
Роҳҳои расидан ба ин аҳдоф тағйири қонунгузории кишвар, баланд бурдани сатҳи огоҳии мардум дар бораи масоили муҳити зист дониста мешаванд.