Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои Роғун боз 2 миллиард доллар лозим аст



Мирзои Салимпур



Зиёратшоҳ Ашуров, раиси сохтмони ниругоҳи Роғун, ки дар ҳузури ҳайъати вакилони парлумони Русия суханронӣ мекард, гуфт, барои итмоми сохтмони ин ниругоҳ боз тақрибан ба маблағи 2 миллиарду 300 милён доллар сармоягузорӣ лозим аст.

Вай афзуд, то имруз барои сохтмони ниругоҳи Роғун беш аз 800 милён доллар масраф шудааст.

Зиёратшоҳ Ашуров мегуяд, танҳо барои оғози дубораи корҳои сохтмонӣ дар Роғун бояд дасти кам 1 миллиард доллар сармоя зери даст дошт.

Юсуфҷон Аҳмадов, вакили Маҷлиси Намояндагон гуфт, тайи солҳои охир барои идомаи сохтмони ин ниругоҳ аз будҷаи давлатӣ ягон сум ҷудо нашудааст ва танҳо дар соли ҷорӣ бо талаби вакилони Маҷлис ҳукумат ба ин мақсад 400 000 сомонӣ ва ширкати "Барқи Тоҷик" 350 000 сомонӣ ихтисос додаанд.

XS
SM
MD
LG