Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти вазирони умури хориҷаи Иттиҳоди Давлатҳои Ҳамсуд дар Душанбе хотима ёфт



Раҳматкарими Давлат

Игор Иванов - вазири хориҷаи Русия пас аз ин нишаст гуфт, ҳануз зуд аст, ки бигуем бо анҷоми ҷанг дар Ироқ ҷаҳон якқутбӣ шудааст.

Игор Иванов - вазири хориҷаи Русия гуфт, ҳануз зуд аст, ки бигуем бо анҷоми ҷанг дар Ироқ ҷаҳон якқутбӣ шудааст. Вазири умури хориҷаи Русия ин суханонро дар шаҳри Душанбе баъд аз анҷоми ҷаласаи вазирони умури хориҷаи кишварҳои муштаракулманофеъ баён кард.

Дар ин мулоқот гироиши равобити байналмилал, авзои Ироқ бахусус ва ҳамкориҳои кишварҳои узви ҷомеаи муштарккулманофеъ баррасӣ шуд. Оқои Иванов аз ҷумла гуфт:"Ба назари ман ҳануз зуд аст, ки бигуем ҷаҳон якқутбӣ шудааст. Раванди мураккаби ташаккули назми нави ҷаҳонӣ идома дорад. Якқутбӣ ё чандқутбӣ будани ҷаҳон аз мо, аз ҳамаи мо вобаста мебошад. Ва аксари кишварҳо таъкид мекунам, аксари кулли кишварҳо ҷонибдори чандқутбӣ будани ҷаҳон мебошанд, низоме ки манофеъи ҳамаи кишварҳо чӣ кучак ва чӣ бузург ва адолату баробариро таъмин намояд. Ба ин хотир ҳамаи мо бояд аз фоҷиаи Ироқ дар созмондиҳии ин ҷаҳони чандқутбӣ сабақи дуруст бардорем."

Игор Иванов ҳамчунин таъкид намуд, таъмини амният, ҷилавгирӣ аз фоҷиаи башарӣ ва расонидани кумакҳои навъдустона дар Ироқ тибқи қонунҳои байналмилалӣ дар марҳилаи аввал қабл аз ҳама бар души неруҳои эътилофист. У гуфт, ин маврид ҳамчунин дар қатъномаи 1472-и Шурои Амнияти СММ низ таъкид шудааст. Аммо дар марҳилаи баъдӣ мо низ ба расонидани кумакҳо ҳамроҳ хоҳем шуд.

Ба гуфтаи Игор Иванов, ҳеҷ кишвари узви ҷомеаи муштаракулманофеъ нақши калидии СММ дар Ироқи баъди ҷангро зери шубҳа қарор намедиҳад. Аммо Анатолий Зленко - вазири умури хориҷаи Украин, ки акнун раиси Шурои вазирони кишварҳои муштаракулманофеъ интихоб гардид гуфт, расонидани кумакҳои башарӣ ба Ироқ ва саҳм гирифтан дар бозсозии он ба тавон ва ҳиммати ҳар кишвар вобаста мебошад ва кишварҳои узви ҷомеаи ҳамсуд низ аз ин кор набояд дар канор бошанд.

Вай афзуд:"Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳамаи талошҳоро барои бозсозӣ ва кумак ба Ироқ ба харҷ диҳад. Мо як барномаи мушаххасеро низ руи даст дорем, барои расонидани кумак хусусан ба кудакони маҷруҳшуда дар ҷанг ва метавонем ҷамъе аз ин кудаконро дар табобоатхонаҳоямон муолиҷа намоем. Ин масъулияти мо ва ҳаққи афрод хусусан кудаконест, ки бегуноҳ гирифтори ҷанг шудаанд. Дар ҷаласаи вазирони хориҷаи кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ ҳамчунин густариши муносиботи бисёрҷониба масоиле низ, ки бояд дар ҷаласаи сарони кишварҳо баррасӣ шаванд, мавриди гуфтугу қарор гирифтааст.

Ҳамчунин масъалаи таҷлили саросарӣ аз 60 - солагии пирузӣ бар фашизми Олмон низ баррасӣ шудааст. Вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсуд дар масъалаи Ироқ ба тавофуқи назари воҳид даст наёфтанд. Балки ба иқрори бархе аз онҳо ҳадафи эшон даст ёфтан ба мавқеи ягона набуд ва танҳо дар ин масъала табодули назар кардаанд.

Вазирони хориҷаи чанд кишвари узв, аз ҷумла Узбакистон, Туркманистон, Гурҷистон ва Молдова дар ин ҷаласа ширкат надоштанд ва ин кишварҳоро сафиронашон намояндагӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG