Мирзои Салимпур
Леонид Кучма, раисиҷумҳури Украина қабл аз шоми сешанбе вориди пойтахти Тоҷикистон шуд ва сафари расмиаш ба ин кишварро оғоз кард.
Шоми сешанбе нахустин мулоқоти як ба яки у бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов баргузор шуд. Дар ин мулоқот масоили марбут ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Украина ва масоили байнулмилалӣ, аз ҷумла мавзуъи Ироқ баррасӣ шудааст.
Зафар Саидов, сухангуи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки ҳар ду кишвар дар мавриди аксари масоил дидгоҳи воҳид ва ё наздик доранд, ки ин як заминаи хуби сиёсӣ барои раҳандозии ҳамкориҳои танготанг байни Тоҷикистону Украина мебошад.