Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули барқу газро кӣ медиҳад?



Мирзонабии Холиқзод

Ҳукумати Тоҷикистон ба хонаводаҳои камбизоат 12 милён сомонӣ кумак мекунад.



Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳукумати кишвар қарореро дар мавриди ҷуброни пули газ ва барқ барои хонаводаҳои камбизоат ва афроди имтиёздор ба тасвиб расонид.

Бо боло рафтани нархи газ ва барқ дар кишвар махсусан аҳолии қишри нодор имкони пардохти пули газу барқро надорад ва ҳукумат тасмим гирифтааст ин мушкили онҳоро тақсим кунад.

Дар мавриди қарори ҳукумат сухангуи президент Зафар Саидов гуфт:"Ба вазорати молияи ҶТ дар робита супориш дода шуд, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи ин низомнома гузаронидани маблағҳои заруриро ба мақомоти ҳукумати иҷроия дар маҳалҳо барои додани ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат ва шахсони имтиёздор аз ҳисоби маблағҳои дар будҷаи ҷумҳурӣ барои соли 2003 пешбинишуда ба андозаи 12 милён сомонӣ, аз ҷумла барои барқ 8,8 милён сомонӣ ва барои истифодаи гази табиӣ 3,2 милён сомонӣ таъмин намояд."

Ва аммо тибқи иттилои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, ба далели мушкилоти молие, ки дар миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта ширкати "Барқи Тоҷик" ба он ру ба ру шуд, нархи як киловат нируи барқболо бурда шуда, ба 1, 6 дирам ва як метри мукааби газ низ ба 1,6 дирам расонида шуд.

Аммо наҳваи додани ҷуброн ба хонаводаҳои ниёзманд чӣ гуна хоҳад буд? Раиси департаменти барқи вазорати энергетикаи Тоҷикистон Рашид Гулов дар ин робита гуфт:"Бояд дар ҳар ноҳия дар ҳолате, ки даромади оила аз маоши миёна дар ин ноҳия камтар бошад, дар он сурат ҳуҷҷатҳои лозима омода шаванд. Ҳуҷҷатҳое, ки шаҳодат медиҳанд, ки даромади ин оила камтар аз маоши миёна дар ин ноҳия аст."

Оқои Гулов меафзояд, ҷуброн дар он сурат дода мешавад, ки агар дар хонаи афроди ниёзманд ҳисобкунаки барқу газ насб шуда бошад.

Тибқи омори вазорати энергетикаи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир нархи нируи барқ дар муқоиса бо замони шуравӣ даҳ маротиба камтар аст. Як киловат-соат дар замони шуравӣ 4 тин, баробар ба 5,6 сенти Ийолоти Муттаҳида, яъне тақрибан 17 дирам буд.

Аммо тибқи иттилои созмонҳои байналмиллалӣ, 83 дар сади мардуми Тоҷикистон дар ҳоли фақр ба сар мебаранд, ки ин баёнгари то 15 ва 16 маротиба поён рафтани сатҳи зиндагии мардум дар муқоиса бо ҳамон замони шуравӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир ширкати барқ ва идораи гази Тоҷикистон барномаи махсуси тақсими маблағи ҷубронпулиҳоро баррасӣ доранд. Аммо бархе аз иқтисодшиносон бар ин назаранд, ки 12 милён сомоние, ки аз будҷаи дучори касри ҳукумат барои ҷуброн ҷудо карда мешавад, танҳо барои як сол басанда аст, вале соли оянда эҳтимолан ин мушкилӣ боз пеш хоҳад омад.

XS
SM
MD
LG