Департаменти Давлатии ИМАМурооти озодиҳои сиёсиву мазҳабӣ дар Тоҷикистон.
Гузориши солонаи Департаменти Давлатии Ийолоти Муттаҳида мегуяд, Сарқонуни Тоҷикистон баргузории озоди намоишҳои мардумиро иҷозат медиҳад, вале дар баробари ин ҳуқуқи чунин гирдиҳамоиҳои сиёсиро маҳдуд карда, фаъолияти созмонҳои сиёсиро таҳти назорат нигаҳ медорад.
Агар кадом ширкати тиҷоратӣ ва ё созмоне ба андешаи баргузории чунин намоише бошад, пас бояд аз идораҳои дахлдор иҷозат бигирад, вале дар ин сурат хатари муҷозот шудани ташаббускорони чунин чорабиниҳо мавҷуд аст. Маҳз ҳамин масъала боиси он шудааст, ки дар Тоҷикистон теъдоди ҳама навъи эътирозҳову гирдиҳамоиҳо хеле коҳиш ёфтааст, мегуяд гузориши Департаменти Давлатӣ.
Моҳи майи соли гузашта гуруҳи занони сокини Кулоб аз вазъи иқтисодиашон ба нахуствазири кишвар эътироз карданд, вале нируҳои амниятӣ баъди бозпурсӣ ташаббускорону ширкатдорони ин намоишро пароканда сохтанд. Дар моҳи июни соли 2002 50 мардикори роҳии Русия аз гаронии нархи чиптаҳои қатори самти Маскав эътироз карданд, вале ин издиҳом низ баъди пурсиши милиса пароканда гардид.
Дар баробари ин, мегуяд гузориши Департаменти Давлатӣ, ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои ғайриҳукумативу ғайрисиёсии кишварро пуштибонӣ мекунад. Дар мулоқоти моҳи июни раиси ҷумҳур бо намояндагони ҳаракатҳои ҷамъиятии кишвар у ҷонибдории худро аз фаъолияти иҷтимоии ин созмонҳо изҳор намуд. Дар ҳамин нишаст вазири адлияи кишвар ваъда дод, ки барои ҷилавгирӣ аз ришвахорӣ дар сохторҳои ҳуқуқӣ ҷараёни сабти расмии созмонҳои ҷамъиятиро осон мекунад.
Гузориш оид ба фаъолияти аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегуяд, дар ин кишвар фаъолияти расмии 6 ҳизб ва 5 ҷунбиши сиёсӣ иҷозат дода шудааст. Дар моҳи январи соли 2001 Додгоҳи Олии кишвар фаъолияти Ҳизби Адолатхоҳро бо ҷурми нопуррагии шумораи аъзояш мамнуъ эълон кард, вале гуфта мешавад, ки иллати асосии ин қарор интиқодҳои ин ҳизб аз сиёсати иқтисодии ҳукумат будааст.
Қаблан дар солҳои 1998 ва 1999 ҳамингуна ба таври расмӣ се ҳизби дигар - Ҳизби Аграрӣ, ҷиноҳи теҳронии Ҳизби Демократ ва Ҳизби Ваҳдати Миллӣ баста эълон шуданд. Ва аммо моҳи октябри соли 2002 ҷонибдорони Ҳизби Аграрӣ ба Ҳизби ба расмият шинохташудаи Демократ пайвастанд.
Дар моҳи декабри соли гузашта дар пайи монеаҳои қаблии бидуни шарҳ вазорати адлия барои сабти расмии Ҳизби Сотсиал-Демократ розӣ шуд. Ҳизби Ваҳдат бошад, барои дарёфти иҷозаи расмии фаъолияташ интизорӣ мекашад. Он ҳам дар ҳоле ки аввалин бор сабти номи ин ҳизб дар вазорати адлия дар моҳи майи соли гузашта рад шуд.
Оид ба фаъолияти аҳзоби мазҳабӣ гузориши Департаменти Давлатӣ мегуяд, Сарқонуни Тоҷикистон чунин имкониятро фароҳам меорад ва фаъолияти Ҳизби Наҳзати Ислом далели ин аст.
Аммо дар робита ба озодиҳои мазҳабии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин гузориш гуфта мешавад, ки бо вуҷуди баъзе маҳдудиятҳо озодии эътиқод дар ин кишвар риоя мешавад. Ҳукумат бештар фаъолияти сохторҳои мазҳабиро таҳти назорати худ қарор дода, дар соли 2002 ба вижа аъзои ҷунбиши Ҳизб-ут-Таҳрирро мавриди боздошт қарор додааст.
Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов аз сохти дунявии ҳукуматаш шадидан пуштибонӣ мекунад ва тундгароии исломиро ҳамчун хатари амнияти миллӣ сифат медиҳад, мегуяд гузориши Департаменти Давлатии Ийолоти Муттаҳида оид ба ҳуқуқи башар.
Фаъолияти созмонҳо ва муассисаҳои динӣ мувофиқи қонун иҷозат шудааст, вале амалан фаъолияти ин созмонҳо то он замон бидуни мамониат аст, ки хусусияти сиёсӣ касб кунанд. Масалан, то ҳануз дар чопхонаҳои давлатии Тоҷикистон табъу нашри маводе мамнуъ аст, ки ба хати арабӣ навишта шудааст.
Дар баъзе ҳолатҳо, мегуяд гузориш, ҳукуматҳои маҳаллӣ бо истифода аз салоҳияти хеш ба маҳдуд сохатнии фаъолияти муассисаҳои динӣ даст мезананд. Масалан, дар тобистони соли 2002 кумитаи умури дини ҳукумат ва шурои уламои Тоҷикистон имтиҳони донишҳои мазҳабии ходимони муассисаҳои диниро баргузор карданд. Моҳе баъд мақомоти вилояти Суғд теъдоди зиёди масҷидҳо ва мадрасаҳои исломиро дар навоҳии Исфараву Ҷаббор Расулов бастанд. Баъди бознигарии фаъолияти ин муассисаҳо аксари онҳо дубора ба фаъолият пардохтанд, аммо 8 адади онҳо ҳамоно иҷозаи фаъолиятро надорад.
Гуфта мешавад, амалан сабаби аслии ин имтиҳонот тарси ҳукумат аз рушди шабакаҳои тундгарои исломӣ мебошад. Дар моҳи октябр мақомоти амниятии кишвар аз боздошт ва ба зиндон андохта шудани 142 нафар аз аъзои ҷунбиши мамнуъи Ҳизб-ут-Таҳрир хабар доданд, омадааст дар гузориши солонаи Департаменти Давлатии Ийолоти Муттаҳида.