Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахши чоруми гузориши Департаменти Давлатӣ



Департаменти Давлатии ИМА

Низоми додгоҳии Тоҷикистон дар соли 2002.

Дар гузориши солонаи вазорати хориҷаи Амрико гуфта мешавад, ки низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон бар асоси Қонуни Асосии ин кишвар мустақил аст, вале дар амал нуфузи мақомоти иҷроӣ ва ё мудохилаи онҳо ба низоми додгоҳӣ мушоҳида мешавад.

Дар шаҳрҳову ноҳияҳо гуруҳҳои ҷиноии мусаллаҳ нуфузи худро ба кормандони додгоҳу додситонӣ эъмол мекунанд. Бо вуҷуди ин, дар ин гузориш омадааст, ки дар як соли ахир низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст. Дар гузориш гуфта мешавад, навоқисе, ки дар солҳои ҷанги дохилӣ дар ҷомеъа ва ҳамзамон дар низоми додгоҳӣ роҳ ёфт, вақти бештаре мехоҳад, то аз байн равад.

Дар суҳбате Холмоҳ Маҷидова, додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло мардум метавонанд озодона ба додгоҳ шикоят баранд: "Мардум метарсид, ки шикоят кунад. Мо медонистем, ки мардум дарди бисёр дорад, лекин шикоят карда наметавонист ба мақомот. Чунки баъзе равияҳое буд, ки маҳдуд мекард одамонро - нмемонданд, таҳқир мекарданд, зурӣ мекардани ба сари онҳо."

Хонум Маҷидова гузориши вазорати хориҷаи Амрикоро таъйид мекунад ва мегуяд, то солҳои ахир афроди мусаллаҳ ё ҷангсолорон ба мурофиаи додгоҳ дар шаҳри Душанбе низ мудохила мекарданд, аммо ҳоло ин падида аз миён рафтааст. Вай меафзояд: "Ҳоло ягон кас даромада, таҳқир карда наметавонад. Дар солҳои 2000 ва 2001 баъзе афроди мусаллаҳ ҳамин хел мекарданд, аммо баъд ягон бор чунин ҳодиса нашудааст."

Тибқи Қонуни Асосӣ, раиси ҷумҳур ҳақ дорад, раисони додгоҳ ва додситонҳоро таъйин ва ё аз мақом барканор кунад. Дар ҳар ду ҳолат низ бояд фармони раиси ҷумҳурро дар ин бора порламони кишвар ба тасвиб расонад.

Дар гузориши вазорати хориҷаи Амрико гуфта мешавад, кормандони додгоҳу додситонӣ тақрибан дар ҳама зинаҳо, дар шаҳрҳову ноҳияҳо ва дар сатҳи ҷумҳурӣ таҷрибаи кофӣ надоранд. Ба ин сабаб, онҳо дар фаъолияти худ мустақилияти низоми додгоҳиро камтар риъоят мекунанд. Барои аз миён бурдани камбудиҳои мавҷуда дар ин соҳа комиссияи давлатӣ ба таври мунтазам имтиҳонҳо ташкил мекунад ва кормандони заъиф ё ғайриҳирфаӣ аз кор барканор мешаванд ва ё ба кори дигар мераванд.

Дар Тоҷикистон кормандони додгоҳу додситонӣ барои тафтиши парвандаҳо дар баъзе мавридҳо ба маводи зарурӣ дастрасӣ надоранд. Ришвахорӣ дар гузашта ба падидаи маъмулӣ табдил ёфта буд. Дар Тоҷикистон низоми додгоҳӣ аз замони шуравӣ боқӣ мондааст. Додгоҳи Олӣ барои зинаҳои поёнии ин система вазифаи додгоҳи таҷдиди назарро иҷро мекунад. Гузашта аз ин, додгоҳи изофии дигар, яъне Додгоҳи Қонуни Асосӣ вуҷуд дорад. Додгоҳи низомӣ низ вуҷуд дорад ва он низ мероси замони шуравист, ки шаҳрвандонро хеле кам муҳокима мекунад, яъне вақте, ки афроди ғайринизомӣ як ҷо бо афроди низомӣ ҷиноят содир мекунанд.

Дар гузориши вазорати хориҷаи Амрико гуфта мешавад, ки мурофиаи додгоҳ бар асоси қонунҳои мавҷуда пушида нест, агар парвандаи ҷиноӣ марбут ба асрори давлатӣ ва ҳифзи саломатии афроди алоҳида набошад. Дар қонун гуфта мешавад, ки агар парванда барои муҳокима пешниҳод шавад, дар зарфи 28 руз муҳокима бояд анҷом ёбад, вале моҳҳо тул кашидани ҷараёни муҳокима дар Тоҷикистон ба падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст.

Додгоҳ барои афроди гунаҳкор вакили мудофеъ интихоб мекунад, вале гоҳо айбдоршавандагон аз вакили мудофеъ даст мекашанд. Бар асоси қонун, ба афроди муттаҳам ҳақ дода мешавад, ки бо парвандаи худ ошно шаванд ва дар суҳбатҳои ру ба ру далоили шоҳидонро бо асосҳои муътамад рад кунанд. Гоҳо чунин мешавад, ки мақомоти давлатӣ бидуни натиҷаҳои ниҳоии тафтиш аз суи додгоҳ ё додситонӣ, касеро гунаҳгор эълон мекунанд.

Мавориди азобу шиканҷа дар ҷараёни пурсиши афроди гумонбар мушоҳида мешавад. Масалан, Камолиддин Мирзоев, гумонбари аслии куштори Ҳабиб Сангинов, муовини аввали вазири дохилаи Тоҷикистон, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳ гуфт, барои гирифтани эътирофи дуруғин вайро шиканҷа додаанд. Панҷ нафари дигар аз ҳамроҳони вай низ гуфтанд, ки барои гирифтани имзои эътироф онҳо низ ба чунин сарнавишт дучор шудаанд. Хешовандон ва хонаводаи шахси гунаҳгор низ барои гирифтани эътироф гоҳо мавриди таҳқири кормандони пулис қарор мегиранд.

Илова бар ин, қонуни Тоҷикистон мудохилаи мақомоти интизомӣ ба зиндагии хусусии шаҳрвандонро мамнуъ мекунад. Аз ҷумла, гуш додан ба суҳбатҳои телефонӣ, хондани номаҳои шахсӣ ва амсоли он. Тибқи қонун, агар зарурати тафтиши хонаҳои шаҳрвандон пеш ояд, пулис бояд 24 соат қабл ба додситонӣ хабар диҳад ва иҷозаи додситониро бигирад. Вале гоҳо ин муқаррароти қонун риоят намешавад.

XS
SM
MD
LG