Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахтиёр Худоназаров филми нав таҳия мекунад



Муҳаммадраҳими Сайдар



Бахтиёр Худоназаров синамогари муҳоҷири тоҷик барои таҳияи филми нави ҳунарӣ омодагӣ мегирад. Рушт Руштов мудири филми нави "Шик"-и коргардони тоҷик рӯзи 5 апрел ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, филми нави Бахтиёр Худойназаров "Моҳии зинда" ном дорад ва дар ҳамкорӣ бо ширкати "Мосфилм" ва кӯмаки ширкатҳои Олмон, Швейтсария, ба навор гирифта мешавад. Ба гуфтаи вай, Бахтиёр барои анҷоми бархе аз тадбирҳо ба Олмон рафтааст.

Ёдовар мешавем, ки филми нави "Шик"-и Бахтиёр Худоназаров сар аз 4-уми апрел дар кинотеатрҳои Русия ба намоиш гузошта шуд. "Шик", ки метавон онро ба тоҷикӣ "Дабдаба" ва ё "Таҷаммули зоҳирӣ" номид бо ҳамдастии ширкати киносозии Олмон ва ширкати Сентрал Партнёршипи Русия соли 2002 дар Ялта ба навор гирифта шудааст ва дар бораи се ҷавоне нақл мекунад, ки мепиндоранд бо ба даст овардани пироҳанҳои итолиёвии мӯди Гуччӣ хушбахт мешаванд, аммо охируламр ин таҷаммули зоҳирӣ ба фоҷиа меанҷомад. Намоиши ин филм феълан дар чанд кишвари Аврупо идома дорад.

Бахтиёр Худоназаров зодаи Хатлони Тоҷикистон аст ва бо филмҳои "Братан", "Қош ба Қош", "Падари маҳтобӣ" маъруф шудааст. Вай 10 сол боз аст, ки дар Олмон сукунат дорад.

XS
SM
MD
LG